Муҳаммад Калим, кӯдаки 14-солаи ҳинд бо кумаки табибон кӯшиш дорад, ки ба ҳаёти муқаррарӣ баргардад ва дар байни мардум бошад.
Ӯ аз модар бо дастҳои бузургҷусса ба дунё омадааст, ки ҳоло ҳар як дасти ӯ то 8 кг вазн дорад. Соли 2015 охирин ҷарроҳии дасти росташро ба анҷом расонид ва духтурон гуфта буданд, ки дар ояндаи наздик дасти чапашро низ ҷарроҳӣ хоҳанд кард.
Ҷарроҳӣ дастҳои Муҳаммад Калимро хурд карда наметавонад, аммо мусоидат мекунад, ки кӯдак ангуштонашро истифода барад.
Ҳамсояҳо ин кӯдакро “фарзанди иблис” мегӯянд ва боварӣ надоранд, ки ӯ шифо меёбад. Вале волидони Муҳаммад Калим ноумед нестанд ва фарзандашонро нигоҳубин мекунанд. Ӯ ба мактаб намеравад, зеро ба гуфтаи муаллимон, дигар кӯдаконро тарсонида метавонад.