Sebiston new 2024 october
Кӯдакамро аз дастам мегиранд?
802

Ман аз собиқ шавҳарам ду фарзанд дорам. Дар натиҷаи дахолати волидон оилаи мо пош хӯрд. Бо қарори суд як фарзандам бо падараш монду яктояш бо ман. Акнун пайвандони собиқ шавҳарам таҳдид доранд, ки фарзандамро аз ман мегиранд. Оё қонун ба ин кори онҳо иҷозат медиҳад?
Ш. Л, ш. Душанбе.

Тибқи моддаи 65 Кодекси оилаи ҶТ ҷои истиқомати кӯдак дар сурати ҷудо зиндагӣ кардани волидон бо мувофиқаи байни онҳо муқаррар карда мешавад. Дар сурати набудани мувофиқа, баҳси волидонро суд дар асоси манфиати кӯдакон ва бо назардошти фикру хоҳиши онҳо ҳал менамояд.

Зимнан суд дилбастагии (меҳри) кӯдакро нисбат ба падар ё модар, бародару хоҳарон, синну соли кӯдак, сифати маънавӣ ва дигар сифатҳои хосаи волидон, муносибате, ки байни падар ва модар ва кӯдак мавҷуд аст, имконоти ба кӯдак фароҳам овардани шароити тарбия ва рушду камоли он (навъи фаъолият, низоми кори волидон, вазъи моддӣ ва оилавии волидон ва ғайраро) ба инобат мегирад.

Агар тибқи ҳалномаи суд ҷойи истиқомати кӯдакон муқаррар шуда бошад, муқаррароти он бояд амалӣ карда шавад. Бинобар ин, агар аъзои оилаи собиқ ҳамсаратон ва худи ӯ бевосита таҳдиди гирифтани кӯдаки ҳамроҳи шумо мондаро карда истода бошад, нигарон нашавед.

Зеро иҷроиши талаботи ҳалномаи суди ҳатмӣ мебошад ва аллакай ҷойи истиқомати кӯдакон муқаррар карда шудааст. Бе асоси қонунӣ онҳо наметавонанд фарзандатонро аз шумо гиранд. Агар ин амал ба манфиати кӯдакатон бошад, дар асоси санади мақомоти дахлдор мумкин аст ҷойи истиқоматаш тағир дода шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД