new banner new years
КӮДАК ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ БОБО МАҶАҚ ШУД
3580

 

Юсуфҷони дусола дигар ҳаргиз “кака” гӯён, ба истиқболи падар намедавад.

Модар аз ин пас наметавонад тилфаки нозанинашро бо меҳр ба оғӯш гирифта, аз рухсораҳои арғувониаш бибӯсад.

Садои хандаҳои беғаши ин писарчаи шӯху серҳаракат дигар ҳаргиз дар фазои манзили волидонаш танин нахоҳад андохт, зеро...

Марги фоҷиавӣ риштаи умри Юсуфҷони хурдакакро хеле бармаҳал барканд. Ин тифли бегуноҳ зери чархи мошини боркаш монда, ҷон ба ҷонофарин супурд.

Аз ҳама аламовараш он аст, ки дар сари чамбараки мошини қисматсӯз бегона не, бобои Юсуфҷон нишаста буд.

Ин ҳодисаи ваҳшатнок рӯзи 13-уми сентябр, тахминан соатҳои 16.30 дақиқа дар ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқуъ пайваст. Очилдӣ Қулматови 60-сола, ҳангоми ба қафо ҳаракат намудан бо мошини боркаши тамғаи “Мазда-Тиман” набераи ду солааш Юсуфҷон Қулматзодаро пахш намуд.

Замин дар як лаҳза аз хуни ин тифли бегуноҳ арғувонӣ гашта, Юсуфҷони аз дунё ҳанӯз чизе надида ҷон ба ҷонофарин супурд.

Аҳли оила бо нолаҳои ҷигарсӯз ҷисми ба хун оғӯштаи Юсуфонро ба хок супурданд. Аз ҳама бештар дар марги Юсуфҷон бобояш хун мегиряд, зеро ӯ худро гунаҳкори асосии ин ҳодисаи нохуш медонад...

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД