Formula novemver 2024
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 83)
08.04.2020
А. ҲОҶӢ
3023

(Давомаш)

Духтурон саросема ҷисми Шафоатро аз нишастгоҳи қафои мошин болои аробаи беморкашӣ гузошта, вориди шуъбаи эҳёгарӣ шуданд. Аз паси маҷруҳ модараш ҳам хост ба ҳуҷра ворид гардад, аммо духтури навбатдор бо нармӣ ӯро пас гардонда гуфт:

-Модарҷон, ба ин ҷо даромадан мумкин нест. Беҳтараш ҳо дар ана он ҷо, дар нишастгоҳ интизор шавед, мо аз аҳволи беморатон шуморо огоҳ мекунем.

-Гӯр пешонии мани шӯрбахт шавад, ки понздаҳ рӯз боз аз дари беморхонаҳо канда нестам. Ин чӣ балое буд, ки ба сарам овардӣ, Парвардигор!

Бо ишораи духтур ҳамшираи навбатдор Ҳасратмоҳро бурда, ба нишастгоҳи дари шуъбаи эҳёгарӣ шинонд. Ҳасратмоҳ дигар на маҷоли гап задан дошт ва на маҷоли гиря кардан, вай дастонашро ба ду тараф кушода, мисли як ҳайкали беҷон ба як нуқта нигоҳ карда меистод. Ҳамшира дар даст зарфи пластикӣ ба ӯ наздик шуда, аз он дар як пиёла об рехта дод ва оҳиста пурсид:

-Ин кас духтаратон мешавад?

Ҳасратмоҳ аз пиёла як-ду қулт об нӯшид ва андаке ба худ омада гуфт:

-Ҳа духтарам, духтари берӯзиам. Акнун ман ба падараш чӣ ҷавоб медиҳам? Ба бародаронаш чӣ мегӯям? Ҳамаашон дар Русия ҳастанд, агар фаҳманд, маро зинда ба зинда пӯст мекунанд. Духтарҷон, росташро гӯй, ҳамин духтари ман сиҳат мешавад?

Чашмони пур аз оби ин модари ҷигарсӯхтаро дида дили ҳамшираи шафқат ба ҳолаш сӯхт ва Ҳасратмоҳро дилбардорӣ карда гуфт:

-Гиря накунед холаҷон, Худо хоҳад ҳамааш хуб мешавад…

-Духтарам, ба духтури калонатон гӯй, чӣ қадаре, ки пул даркор бошад, медиҳем, фақат духтаракамро аз марг наҷот диҳад…

Ин дам аз дари долоне, ки ба сӯи ҳуҷраи эҳёгарӣ мебурд, бо сари хам ронандаи мошине, ки Шафоат зери чархи он монда буд, даромада омад ва ба нишастгоҳе, ки Холбибӣ ва ҳамшираи шафқат паҳлуи ҳам нишаста буданд, наздик шуда, бе овоз дар паҳлӯи онҳо ҷой гирифт. Ранги ҷавон мисли пахтаи куҳна канда, аз ваҷоҳаташ аён буд, ки вай аз зери чархи мошинаш мондани як духтари ҷавон ва бар асари он ҳоло дар дами марг қарор доштанаш сахт тарсида, музтару ҳайрон аст. Ҳарчанд шоҳидони ҳодиса бегуноҳ будани ронандаро тасдиқ мекарданд, вале ҷавон руҳан азоби виҷдон кашида, намедонист ба модари зоре, ки дар пушти дари табибон ба қавле худро хӯрда, интизори шунидани хабари хуш ё баде нишастааст, чӣ гӯяд. Намедонист чӣ тавр фаҳмонад, ки ҳамааш ногаҳон рӯй дод ва духтарак то наздик шудани мошин аз ҷояш наҷунбида, баъд якбора худро ба зери чархи автомобили ӯ партофт. Холбибӣ, ки аз зери чашм ваҷоҳати ҷавонро назорат мекард, лаб газида гуфт:

-Писарам, ту гунаҳгор нестӣ. Инро ҳама медонанд. Ман ҳам туро гунаҳгор намекунам. Ин айби ман, ки ба дили фарзанди худам роҳ ёфта натавонистам. Фикр накардам, ки нокомию ноумедӣ дили духтари ҳанӯз дар зиндагӣ хоми маро аз ҳаёт тамоман хунук кунад. Ҳамааш айби ман, охир модар шуда, ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам наомад, ки духтарам аз алам даст ба худкушӣ зада метавонад…

Ҷавон гӯё ба даҳонаш об гирифта бошад, чизе нагуфта, лолу карахт менишаст. Ҳасратмоҳ бо нӯги қарси сафедаш ашки чашмонашро пок карда, оҳи сарде кашид ва даст ба китфи ронанда бурда, модарона ба китфаш тап-тап зад ва суханашро идома дод:

-Писарам, ман аз ту ягон чиз талаб надорам, рав аз паи кору бори худат шав, охир ту ҳам хонаю дар, падару модар, зану фарзанд доштагистӣ, намехоҳам ба ризқу рӯзии онҳо зомин шавам.

-Холаҷон, агар ман сари вақт ҷаҳиши ӯро медидам, чамбаракро ба тарафи дигар тоб дода, фалокатро пешгирӣ мекардам, аммо...

-Писарам, ин духтари ман бисёр якрав аст, кореро карданӣ бошад, ҳеҷ кас садди роҳаш гашта наметавонад. Ман ӯро калон кардаам ва феълашро хуб медонам. Акнун умедам танҳо ба худою ба ҳамин духтурҳо, агар сиҳат шавад, бахти ману падараш, вагарна марги ман барин модар, ки ду духтарамро бо айби худам гум мекунам...

-Магар духтари дигариатон ҳам зери чархи мошин монда буд?-Ба пиёлаи Ҳасратмоҳ дубора об рехта истода пурсид ҳамшираи шафқат.

-Не, ваяшро ҳанӯз замоне, ки нав ба дунё омада буд, дар ҳамин шаҳри шумо гум карда будам. Тақдирро бин, ки инашро ҳам дар ҳамин ҷо...

-Ин хел нагӯед холаҷон, то реша дар об аст, умеди самар ҳаст мегӯянд. Ҳоло духтурон духтаратонро ҷарроҳӣ карда истодаанд, Худо хоҳад, сиҳат мешавад,-ӯро тасаллӣ дод ҳамшира.

-Дилам аз сар задани фалокате гувоҳӣ дода истодааст, ба гумон аст, ки Шафоати ман сиҳат шавад...

Бо шунидани ин суханони Ҳасратмоҳ ҳам дили ҷавони ронанда ва ҳам дили духтараки ҳамшира ба ларза даромад. ”Худо накарда ин духтар мурад, ман ҳам як умр дар азоби виҷдон мемонам...”,- аз дил гузаронд ронанда ва лаб газида, дасташро ба кисааш бурда, як қабза пулро бароварда ба Ҳасратмоҳ дароз кард:

-Очаҷон, гиред, ин дорупулии духтаратон, агар боз лозим шавад, медиҳам….

Ҳасратмоҳ аввал мақсади ҷавонро нафаҳмид, вале баъд ба мазмуни суханони ӯ сарфаҳм рафта бо ҳасрат гуфт:

-Эҳ, бачаҷон, агар Худо хоҳад, ки духтари ман сиҳат шавад, бе пули ту ҳам бо ду доруи арзон шифо меёбад, вале дар насибаш зистан набошад, ҷони ӯро бо пул харида наметавонӣ. Шукри Худо, писарону шавҳари ман дар Русия кор мекунанд ва ҳар моҳ пули нағз мефиристанд, ту беташвиш бош ва ягон тин хароҷот накун, чунки ягон айбу гуноҳ надорӣ. Бирав, ман аз ту ягон тин талаб надорам…

-Модарҷон, ин аз дили соф, ҳамчун кӯмак ба шумо. Хоҳарам сиҳат шуда хезад, боз барояш як сару тан ҳам мехарам...

-Кошкӣ ҳамин тавр мешуд... Беҳтараш ин пулҳоятро гирифта мон, агар сиҳат шуда ба по хазад, баъд барояш сару по мехарӣ, -Ҳасратмоҳ дастаи пули ҷавонро дубора ба кафаш монда дуо кард:

-Илоҳо Шафоат сиҳат шуда хезад ва ту ҳам ба муроди дилат бирасӣ!

Ҷавон дид, ки бо зӯрӣ пулро ба дасти Ҳасратмоҳ дода намешавад, ноилоҷ онро гирифта ба ҷайбаш андохт ва аз ҷояш бархоста гуфт:

-Худо хоҳад, ҳамин тавр мешавад. Ана ин рақами телефони ман, агар зарурате пеш омад, занг занед. Модарҷон, илтимос, маро аз ҳолати духтаратон огоҳ карда истед….

Ронанда ба тарафи баромадгоҳ равон шуд, вале ҳамин дам дари шуъбаи эҳёгарӣ кушода шуда, ду духтури рӯяшон ниқобпӯш бо либоси ҷарроҳӣ берун шуданд ва якеашон аз ҳамшираи шафқат пурсид:

-Аз ақрабои маҷруҳ ягон кас ин ҷо ҳаст?

-Ҳа, модараш,-ба тарафи Ҳасратмоҳ ишора намуд ҳамшира.

Ҳасратмоҳ парида аз ҷояш хест ва дар ҳоле, ки дилаш дар қафаси сина гурс-гурс мезад, саволомез ба табибон нигарист. Духтури миёнсоли қавипайкар бо эҳтиёт дасташро ба китфи модар гузошта, дубора ӯро ба ҷояш шинонд ва худаш дар паҳлӯи ӯ нишаста бо сари хам ба гап сар кард:

-Модарҷон, мо, табибон то охирин лаҳза барои наҷот додани ҷони бемор мубориза мебарем, вале баъзан чунин мешавад, ки то ба беморхона расидан ҳолати бемор ё маҷруҳ ончунон бад мешавад, ки дигар аз дасти духтур ягон кор намеояд…

-Чӣ, Шафоат мурд?-Бо ҳаяҷон пурсид Ҳасратмоҳ давоми гапи духтурро гӯш накарда.

-Ин, ин гапро кӣ гуфт? Духтаратон зинда аст, -ҳаяҷони ботинии модарро пай бурда, ӯро ором кард духтур,-аммо ҳолаташ вазнин аст. Модарҷон, шумо бояд ба ҳама чиз тайёр бошед, чунки духтаратон сахт маҷруҳ шуда, хуни зиёдеро талаф додааст….

-Духтурҷон, ман тайёрам, ки тамоми дороии худаму фарзандонамро қурбони шумо кунам, фақат духтари ягонаи маро аз марг наҷот диҳед. Мӯямро ҷорӯбу дастамро оташков карда, канизи дари хонаатон мешавам, духтурҷон, духтаракамро сиҳат кунед…

Ин ҷарроҳони таҷрибанок дар тули фаъолияти чандинсолаашон борҳо шоҳиди чунин саҳнаҳои дилхарош гашта бошанд ҳам, то ҳол ба ин одат карда наметавонистанд. Табиати одамӣ чунин аст, ки ба ҳар як фоҷиаи инсонӣ ба тарзи нав нигоҳ мекунад. Духтурҳо ҳам инсонанд ва вақте, ки дар пеши марг оҷиз мемонанд, намедонанд наздикони бемори маҳкум ба маргро чӣ тавр тасаллӣ диҳанд.

-Духтаратон сахт зарб хӯрда, ҷигараш ...ҷигараш...,-духтур чӣ тавр мулоим карда фаҳмониданашро намедонист, ин дам худи Ҳасратмоҳ ба ӯ кумак намуд:

-Ҷигараш кафидааст, гӯй...

-Ҳа, ҳамин тавр шудагӣ. Мо онро дӯхтем, вале...

-Дигар сухани зиёдатӣ нагӯӣ ҳам мешавад. Ман аллакай ҳамаашро фаҳмидам. Ҳоло ӯ ба ҳуш аст? Ман Шафоатро дида метавонам?

-Аслан ба ин ҷо даромадан қатъиян манъ аст, аммо ман иҷозат медиҳам, ки шумо ба назди духтаратон дароед. Ҳамшира, ту модарро ба он ҷо бар, агар пурсанд гӯй, ки сарҷарроҳ иҷозат дод...

Ҳасратмоҳ аз ҳамшира пештар ба тарафи дари пӯшидаи ҳуҷраи эҳёгарӣ давид. Ҳарду ҷарроҳ аз паси ӯ бо таассуф нигаристанд….

(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД