arzon replenishment
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 76)
01.04.2020
А. ҲОҶӢ
2951

(Давомаш )

Ҳасратмоҳ мисли он ки мор газида бошад, якбора Шафоатро аз худ дур кард ва бо нафрат ба рӯйи духтараш нигарист. Ба назараш духтараш дар ин лаҳзаҳо аз мор ҳам даҳшатноктар менамуд. Ӯ бо нигоҳи нафратбор сар то пойи Шафоатро палмосид ва дандонҳояшро бо ғазаб ба ҳамдигар соиш дода истода, ҷониби ҳуҷраи эҳёгарӣ равон шуд ва ба монеъ гаштани ҳамшираи шафқат- Маҳина аҳамият надода, ба утоқе, ки Муртазо мехобид, даромад. Вай нӯг-нӯги по ба сари болини бемор рафта, ба чеҳрааш зеҳн монд. Муртазо гӯё мурда бошад, баъд аз суханони Шафоат дар мавриди марги модараш, аз худ ягон аломати зинда буданро нишон намедод. Ҳамшираи шафқат Маҳина аз паҳлуи дигари кати бемор гузашта бо стадиоскоп набзи ӯро санҷид ва аз чӣ бошад, ки рангаш якбора парида, осемасар ба тарафи утоқи духтурон давид. Дар баромадгоҳ вай қариб бо доктор Салим бархӯрда буд.

-Ҳа, чӣ гап? –Пурсид доктор аз ҳамшира.

-Доктор, набзи бемор қариб, ки ҳис намешавад...

Доктор вориди утоқи эҳёгарӣ шуда бо ду даст эҳтиёткорона аз китфони Ҳасратмоҳ, ки ҳанӯз дар болои сари Муртазо рост меистод, гирифта, ӯро аз он ҷо дуртар бурд ва бозгашта ба сари бемор омаду стадиоскопро ба гӯшаш монд. Пас аз муоинаи набзи бемор доктор бо аломати   “мазааш не...” сарашро ҷунбонд ва ба Маҳинаи ҳайрону парешонҳол нигариста супориш дод:

-Духтарам, дарав аз сейфи ман ҳамон доруеро, ки ба муқобили шок истифода мебарем, гирифта биё . Ба назарам ин ҷавонмард дар ҳолати шок қарор дорад. Ба гумон аст, ки аз ин ҳолат барояд, вале мо бояд то охирин лаҳза ҳар кореро, ки аз дастамон меояд, кунем...

Маҳина аз ҳолати духтур пай бурд, ки аҳволи бемор ниҳоят вазнин аст ва ӯ дар дами марг қарор дорад. Аз таҷриба медонист, ки ҳар гоҳ доктор ба ӯ на ҳамчун ҳамшира, балки “духтарам” гуфта муроҷиат кунад, ин нишонаи бад будани аҳволи бемор аст. Ӯ бо сари хам аз дар баромада, аз пайи иҷрои супориш шуданӣ буд, ки дубора доктор Салим ӯро аз роҳ боздошта гуфт:

-Ба ақрабои муаллим хабар расон, шояд то нисфирӯзӣ аҳволаш аз ин ҳам бадтар шавад. Ба ӯ ягон таъсири беруна расида, майнаашро сахт такон додааст, Худо медонад, ки оқибати ин чӣ мешавад. Ростӣ, ман ҳайронам, охир аҳволи ӯ рӯ ба беҳбудӣ оварда буд, барои чӣ якбора ин хел шуд...

Доктор рӯ ба Ҳасратмоҳ гардонда пурсид:

-Мабодо-ку шумо бо бемор ҳамсуҳбат нашудаед?

-Нннеее, ман аз дар даромадам, ки ҳамин хел буд,-сарашро хам карда гуфт кампир.

Албатта ҳам Ҳасратмоҳ ва ҳам Маҳина медонистанд, ки сабаби якбора бад шудани аҳволи Муртазо чист, аммо ягон нафарашон ҷуръат накарданд, ки инро ба доктор Салим гӯянд...

***

Садоқат аз хобаш якбора тарсида хест. Хоб дид, ки дар канори дарёе ҳамроҳи Муртазо нишастаанд ва якбора сели калоне омад ва об баланд шуда, соҳилро зер кард. Онҳо аз ин сели пурталотум гурехта наметавонистанд. Мавҷи об торафт баланд шуда, мехост ҳардуяшонро ба коми худ кашад. Оби гилолуд Муртазоро то зонуҳояш гӯр карда, гирдобе шуд ва ӯро чарх занондан гирифт, аммо аҷибаш он буд, ки ба Садоқат об намерасид. Ӯ талош мекард, ки дасташро дароз карда, аз дасти Муртазо гирад, вале сели пурталотум ба ин имкон намедод. Садоқат тамоми қувваташро ҷамъ карда, дасташро ба сӯи Муртазо дароз мекард, вале дасташ ба дасти вай намерасид. Ин дам аз куҷое Иқбол пайдо шуд ва Садоқат аз тарси он ки ӯро сел набарад, ду дасташро дароз карда, ӯро доштанӣ шуд, аммо Иқбол ба ҷои он, ки аз сел дуртар равад, аз замин баланд париду дасти модарашро дошта ба тарафи гирдобе, ки падараш дар он ҷо чарх мезад бурд ва онро ба бари костюми нави Муртазо, ки дар танаш буд, часпонд. Ҳанӯз Садоқат аз бари костюми Муртазо нагирифта, мавҷи дигаре болои сари онҳо ҳуҷум овард ва....ӯ аз хоб бедор шуд. Тамоми баданашро арақи сард пахш карда буд...

Ин дам аз берун овози Фирӯзро шунид, ки модарашро садо мекард. Садоқат ҳанӯз аз ҷойгаҳ нахеста овози дари берун шунида шуд ва байни модараш ва Фирӯз чӣ гуфтугӯе сурат гирифт, аммо Садоқат танҳо овози онҳоро мешуниду калимаҳоро фарқ карда наметавонист. Хост кӯрпаи Иқболро, ки бо пояш онро аз болояш дур андохта буд, дуруст карда монад, аммо садои модараш ӯро аз ин кор боздошт:

-Духтарам, як дақиқа ба берун баро, додарат ҷеғ дорад...

Садоқат аз ҷойгаҳаш бархоста, халаташро пӯшид ва болои Иқболро бо кӯрпа пӯшонда аз дар баромад.

Дар рӯйи ҳавлӣ Фирӯз рост истода буд ва аз ваҷоҳаташ маълум буд, ки бо хабари нохуше омадааст. “Наход!?” якбора аз дил гузаронд Садоқат ва чашм ба тарафи модараш андохт. Холбибӣ тоқати нигоҳи ӯро накарда, сар ба зер андохт ва оҳиста ба гап даромад:

-Духтарам, ҳозир аз беморхонаи ноҳия ба додарат занг задаанд, аҳволи Муртазо бад шудааст, духтур мехоҳад, ки мо ба он ҷо равем.... Ту чӣ мегӯӣ?

Якбора ба хотири Садоқат хоби дидааш расид ва худ ба худ гуфт: ”Ана таъбири ин хоб чӣ будааст... Аниқ, ки Муртазоро ин мавҷи селоб ба коми худ кашида истодааст...“ Ӯ чӣ гуфтану чӣ кор карданашро намедонист. Ин дам Фирӯз ба сухан сар кард:

-Апа, ҳарчи ҳам набошад, вай падари фарзанди туст, бояд биравӣ. Тайёр шавед, меравем... Писаратро ҳам гир...”

Садоқат дигар сухане ба забон наоварда ба тарафи хонае, ки он ҷо писараш дар хоби ноз буд, равон шуд...

***

Ҳасратмоҳ дар болои кати утоқи эҳёгарӣ ниммурдаю нимзинда менишаст ва хаёлаш дар ким куҷоҳо сайр мекард. Доктор Салим андешамандона аз ин тараф ба он тарафи палата қадам зада, оқибат дар рӯ ба рӯйи Ҳасратмоҳ истод ва ба ӯ нигариста гуфт:

-Оча, шумо ба берун баромада истед, ман ҳар вақт аз ҳолати бемор шуморо огоҳ мекунам. Дар ин ҷо истоданатон фоида надорад ва мумкин ҳам нест...

-Духтур, ман аввал бояд як чизро ба шумо гӯям, баъд меравам.

-Шумо чӣ гуфтан мехоҳед?-Ба рӯйи ӯ нигариста гуфт доктор Салим,-Дар бораи он мегӯед, ки духтаратон бемори сиҳатшудаистодаро ба ин ҳол овард? Инро ман аллакай дарк кардам. Шояд ӯ ба бемор ягон сухане гуфта бошад, ки муаллимро ба ин ҳолат овард.

-Рост гуфтед духтур, Шафоат дар бораи мурдани модараш ба муаллим хабар додааст, шояд ҳамин чиз ҳолати ӯро дубора вазнин карда бошад…

-Шояд не, аниқ. Албатта ин ҷо айби шумо нест, ин айби ҷавонии духтаратон аст...

-Не, ин ҷо айби ман аст. Айби ман аст, ки ӯро хеле эрка калон кардам ва имрӯз ҷазоямро дида истодаам. Майлаш духтурҷон, беҳтараш ман ба берун мебароям….

Ба назари доктор Салим чунин намуд, ки Ҳасратмоҳ дар ин чанд лаҳза хел пиртар шудааст ва аз дил гузаронд, ки падару модаронро гузашти солҳо не, балки рафтори фарзандон пир мекунад...”

(Давом дорад)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД