arzon replenishment
Касофати бахилӣ Қисми 2
29.04.2022
ОИЛА
2445
no-img

Золушка

Лутфи Худованд буд ё хандаи тақдир, ки пас аз як соли омаду рафт ба хонаи бибияш, Ёдгор маро хуш карду Аноргулу момаи Марям ба хонаамон хостгорӣ омаданд. Падарам Ёдгорро наздаш шинонида гуфт:

-Ёдгорҷон, ту ҷону ҷигари ман ҳастӣ, ман беҳтар аз ту домодро ҳатто орзу карда наметавонам, аммо духтари ман ҷавон, нохондаю бетаҷриба аст, хулоса арзандаи ту нест… -Ёдгор ба ин гуфтаҳои падарам чунин посух дод:

-Амак, ман мехоҳам ҳамсари ман зани хонашин бошаду фарзандонамро хуб тарбия намояд, аз ин рӯ, Фаризаро интихоб намудаам. Шумо не нагӯед, ман барои ӯ дар Душанбе ҳавлии зебоеро харидорӣ намудам, минбаъд дар Тоҷикистон зиндагӣ хоҳам кард.- Ман ин суханҳоро аз пушти тиреза мешунидаму аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам….

Интихоби Ёдгор дар деҳа ғулғула андохт, духтарон ҳама ба ман бо чашми ҳайрат менигаристанд. Дилбар ҳатто овоза кардааст, ки гӯё падари ман Ёдгорро ҷоду карда бошад. Чун сару поямро оварданд, ман матоъҳои зебои нестандарҷаҳонро ба бар карда, афсонаи «Золушка» ба хотирам мерасид. Ман низ мисли ӯ якбора ба шоҳдухтар табил ёфтам. Дар оина худамро дида намешинохтам, гӯё аз оина ба ман духтари нозанини бегонае менигарист.Тӯйи мо гӯё тӯйи деҳа буд, ҳама хурсандӣ мекарданд. Кампири Марям бемори сахт бошад ҳам, қоматашро рост карда рақсид, бо дастони чун шохи дарахти сармохӯрда хушку сиёҳаш сару рӯи Ёдгорро сила карда, як зайл такрор мекард: “Маро бубахш бачам”, додари Ёдгор низ аз Қазоқистон ба табрикамон омад, модарандараш бемор будаасту омада натавонистаааст, вале барои ман гӯшвора, нози гардан ва ангуштарии тиллоӣ тӯҳфа равон карда буд. Пас аз тӯй мо ба Қазоқистон ба хонаи волидони Ёдгор рафтему баъд дар пойтахт зиндагии шоҳонаамонро оғоз кардем. Пас аз шаш моҳи тӯямон кампири Марям оламро падруд гуфт. Шавҳарам хонаҳои бибияшро афтонда, он ҷо ба бинои қаср оғоз кард. Падарам бо хости Ёдгор чӯпониро бас карда, сохтмонро сардорӣ мекард ва маоши хуб низ мегирифт. Дар қатори хонаи мо хонаҳои падарам низ навсозӣ мешуданд. Волидонам шукронаи Ёдгорро мекарданд, хонасозон низ ҳама язнаҳои худам буданд. Ёдгор ин қадар меҳрубону дилсӯз буд, ки ҷонашро аз ман дареғ намедошт. Ҳуҷҷатҳоямро тахт карда, маро ба Коллеҷҷи тиббӣ дохил намуд, бароям муаллим гирифт то дар хона ба ман дарс гузаранд. Баъзан хондану дарс тайёр намудан ба дилам мезаду ба ӯ мегуфтам, ки “о ту дар вақташ гуфта будӣ, ки занам бояд хонашин бошад ку?!” Ӯ бо нармӣ мегуфт, “ман зинда бошам, ту ҳеҷ гоҳ кор намекунӣ, аммо барои фарзандони ман модари босавод лозим” ва шӯхӣ мекард, “сари пириҳо бемор шавам, духтур намекобем, худат уколам мекунӣ…”

                                 Касофати бахилӣ

Ёдгор апаашро зуд-зуд ба хонаамон меовард, ба язнааш барои кушодани тиҷораташ пул дод. Писари калонии апааш Бахтовар бо мо мезист, тағояш ӯро ба донишгоҳи тибӣ дохил карда буд. Ин ҳама қаҳри маро меовард, зеро мехостам боигарии шавҳарам танҳо аз худам бошад. Шавҳарам маро болои сар бардошта мегашт, хизматгор доштам, баъди тавлиди писарам бошад, тамоман шоҳдухтари ҳақиқӣ будам, вале боз ба апаи ягонаи шавҳарам бахилӣ доштам…

Писаракамон панҷсола шуд, акнун додари ман низ дар хонаамон мезист, шавҳарам ӯро низ ба Донишгоҳи тиббӣ дохил карда, мехост ба воситаи ӯ ва ҷиянҳояш тиҷорати доруяшро дар ноҳияи худамон низ боз кунад. Қасрамон дар деҳа бо тамоми шароиташ тайёр шуд, хонаҳои падарам низ пурра навсозӣ шуданд, ки аз қасри мо монданӣ надоштанд, вале…

Писари калонии Аноргул донишгоҳро хатм карда, дар ноҳия ба кор даромаду ӯро зан дода, моро ба тӯй хабар карданд. Ёдгор шабе, ки бояд пагоҳ ба тӯй мерафтем, маро ба оғӯш кашида гуфт:

-Фаризаҷон, ман хонаи деҳаро ба номи Фирдавс (ҷиянаш) гузаронидам ва мехоҳам шаби тӯяш калиди хонаро бо ҳуҷҷатҳо ба ӯ тақдим кунам, пас аз чанде барояш як дорухона мекушоям….

-Аз ин ҳотамии шавҳарам хун ба сарам заду худамро дошта натавониста, дод задам:-

И падари ман ин қадар азоб кашида, посбонӣ карда, хонасозӣ кунанду ту хонаи маро ба беваи апаат медиҳӣ?! Худамро алов сар медиҳам, бас будагист ҳотамӣ, безор шудам аз ҳамун апаи ғафси ҳаромату сағераҳои фисинаш!!! -Ёдгор аз ин вокуниши ман дар ҷояш шах шуд, танҳо баъди як соат ба хонаи дигар гузашт…

Ӯ рӯзи тӯй ба ҷиянаш мошин тӯҳфа кард, ман худамро хӯрда бошам ҳам, чизе нагуфтам. Пас аз тӯй мо ба хона баргаштем, Ёдгор умуман бо ман гап намезад, ман низ ноз карда, ӯро писанд намекардам. Баъди ду моҳи ин воқеа шавҳарам ду дорухона, ҳавлии зиндагӣ мекардагиямону ҳавлии қишлоқро ба номи ман карда, аз ман ҷудо шуд… Чун падарам аз вай шарҳи воқеаро талаб кард, ӯ бо чашмони пуроб гуфт:

-Амакҷон, духтаратон апаи ягонаи маро чашми дидан надорад, ман бо ӯ зистан намехоҳам. То охири умр нигоҳубинаш мекунам, аммо зиндагӣ намешавад…..

           Аз ин воқеа бист сол сипарӣ гашта, ман имрӯз аз чизе камбудӣ надорам, зеро худам низ хондаму ба тиҷорати дору машғулам, писарамро ба наздикӣ зан додам, падараш дар шаби тӯяш ба вай калиди панҷхонагиро тӯҳфа кард. Бо ин сахигии Ёдгор, ки имрӯз зиндагии дигар дорад, (ӯ баъди се соли ҷудоӣ аз ман бо як духтараки табиб оила барпо карда, соҳиби чор писар гашт) ба хотирам бахилии худам расид, мани чашмгурусна бахтамро бо дастони худам сиёҳ кардам… Зани нави Ёдгор он қадар дилкушод аст, ки писари ман- Амонро аз писарони худаш кам намедонад. Писарам ӯро апаҷон мегӯяду дӯст медорад. Апаи Аноргул гуноҳи маро кайҳо бахшидаасту ҳамроҳам рафту омад дорад, гоҳ-гоҳе оби дида рехта, худро дар бебахтии ман гунаҳгор медонад, аммо ин тавр нест. Худам шоҳиди онам, ки апаи Аноргул шаш моҳи дароз бо додараш гап назад, ки зану писаратро дар нимароҳ намон, аммо дили Ёдгор аз ман монд. Беҳуда нагуфтаанд, ки аз муҳаббат то нафрат як ваҷаб роҳ аст. Боре худам ба рӯйи ғурурам по монда, аз Ёдгор хоҳиш кардам, ки маро ҳам никоҳ карда гирад, дар як ҳафта як бор ҳам биёяд бас аст, аммо ӯ гуфт, ки ба Гавҳар хиёнат намекунам.

Мақсади навиштани сарнавиштам ҳушдор ба он бонувонест, ки бахиланд, кош зиндагии талхи ман барои эшон сабақ гардад…

                                                                      Фаризаи пушаймон

Таснифи Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД