sebiston july new
Картошкаи қимадор
1288


                Маҳсулоти лозима:
500 г картошка, 200 г қимаи гӯшти мурғ, 70 г панири сахт, 60 г қаймоқ (сметана), кабудӣ, 20 мл равғани растанӣ, намаку мурч.

                     Тарзи таҳия:
Гӯшти мурғро қима карда, картошкаи миёнаҳаҷмро пӯст кунеду шуста, аз байн ду қисм кунед. Дар зарфе обу намак андохта, картошкаро 15 дақиқа пазед. Баъди хунук шуданаш бо қошуқча дилаи картошкаро гирифта, ба даруни он гӯшти қимаи мурғ ва кабудиро пур карда, мувофиқи табъ намаку мурч кунед. Дар лаълии тафдон фолга тунук карда, равған моледу картошкаи қимадорро гузоред. Аз болояш қаймоқ молида, панири аз турбтарош гузаронидаро ба рӯйи ҳар кадомаш пошеду дар ҳарорати 180 дараҷа 40 дақиқа пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД