Яке аз тарабхонаҳои шаҳри Ню-Йорки Амрико гаронарзиштарин картошкабирён дар ҷаҳонро омода мекунад, ки мизоҷон барои як ҳиссаи он 200 доллар пардохт менамоянд.
Ин картошкабирён ҳатто ба Китоби рекордҳои “Гиннес” ворид шудааст ва таърих чунинашро дар хотир надорад. “Дар ин ҷо мо картошкабирёнро бо равғани ғоз мепазем. Агар ба он панир илова намоем, лазизтар мешавад”,-мегӯяд сарошпази тарабхона Фредерик Шон-Киверт. Ногуфта намонад, ки одамон барои чашидани маззаи картошкабирён соатҳо дар навбатанд.