Sebiston new 2024 october
Канизаки хушдоман
20.11.2024
Оила
490

Канизаки хушдоман

(Қисми 2)

Хостгорӣ ва фотиҳагардон

Мутриба баъди ба даст овардани дили шавҳари Саида дастурхон ороста хостгорӣ омад. Ин зани маккора бо ваъдаҳои болохонадор домони волидони духтарро пур карда, гуфт:

-Писари калониро хонадор кардам, келинам баромада рафт, духтарамро бо хости худам ба шавҳар додам, ҷудо шуд, аз ин пас ба зиндагии фарзандонам кордор намешавам! Барояшон хонаи алоҳида харидем, тақдир бошаду риштаи умрашонро пайвандем, Самираҷон писарамро хурсанду хушбахт кунад, кифоя аст. Ман ҳамроҳи духтарам зиндагӣ мекунаму ниёз ба хизмати келин надорам. Худашон тифоқ зиндагӣ кунанд, барои ман давлати калон аст. Хизмати маро ҳаргиз накунад!!

Саидаю шавҳараш ба доми макри Мутриба афтода, фотиҳаи Комронро гардонданд ва Самираро ба писари дугонаи модараш доданд. Саида ба қудоҳои ўзбекаш занг зада, онҳоро ноумед кард. Модари домод хурсанд шуд, вале аҳволи Самираю Комронро танҳо Худованди доною тавоно медонисту халос. Самира ҳанўз волаю шайдои Комрон бошад ҳам, аз тарси падараш, ки мудом «писари Мутрибаро нагирӣ, оқат мекунам мегуфт, ночор ҳамроҳи домоди нав ба хонаи ақди никоҳ рафта, ариза дода баргашту рўзи дигар Мутриба каму беш ҷиҳози арўсӣ оварда, боқӣ  хароҷоти тўйро бар дўши волидони пулдори арўс гузошта рафт. Қудоҳо ҳафтаи пас маслиҳат ороста, рўзи тўйро муайян намуданд.

Тўйи бе меҳмон

Тўй барпо шуд, вале на холаю таѓоҳои домод дар маҳфил иштирок карданду на аммаю амакҳояш. Хешовандони арўс ба гўши ҳамдигар пичирросзанон мегуфтанд: «Аҷиб, чаро пайвандони домод дар тўйи ҷиянашон иштирок накарданд-а! Ин ҷо зери коса нимкосае ҳаст, аз афташ маълум, ки модари домод чандон занаки хуб нест, хешу таборашро сахт хафа кардагист, шояд барои ҳамин ба тўяш наомадаанд…»

Хуллас, тўй танҳо бо иштироки хешовандони арўс гузашту баъди маҳфил мошини сафеди ороста арўсу домодро ба хонаи Мутриба бурд. Ҳайрати пайвандони келин дар ин ҷо бештар афзуд, чунки дари хонаи тўйдор бо қулф маҳкам буд ва ҳатто ҳамсояҳои наздиктарин танҳо аз роғи дарҳояшон мепоиданду ба истиқболи келину меҳмонҳои Мутриба намебаромаданд. Модари домод худаш дарро кушода кудоҳоро ба хона даровард. «Наход, ки тўй кунию ҳатто ҳамсояҳоро хабар накунӣ» гўён, хешовандони Саида, ки бори аввал чунин маъракаро дучор гашта буданд, гиребони тавба медоштанд. Мутриба мисли дигар тўйдорон дар назди қудоҳо оши палову гўштбирён напухт, фақат як дастурхони оддияк ороста хўришу меваҳои аз тарабхона овардаашро пешашон гузошту бо ҳамин вазифаашро адошуда ҳисобида бо гардани баланд чашмаки ману чашмаки ту гуфтагӣ барин, бо меҳмонҳо чашмбарак карда нишаст. Саида баъди ба хонаи домод овардани духтараш фаҳмид, ки хонаи барои писараш «харидагӣ»-и дугонааш иҷорахона будааст. Модари арўс аз он, ки духтарашро аз фотиҳа гардонда, ба писари дугонаи бевааш дод, пушаймон шуда бошад ҳам, дигар ҷуз ба тақдир тан додан чора надошт.

Кайк дар ҷандаю ноз дар банда

«Иҷоранишини пойлуч бошад ҳам, бахт бахти аввал аст» насиҳат мекард Саида духтарашро ва таъкид менамуд, ки иззату ҳурмати хушдоману хоҳаршўйҳояшро ба ҷо биёраду хизмат кунад. Самираи нозпарвард мувофиқи насиҳати модар амал намуда, ночор ба азобу ранҷи нодорӣ тоб меовард ва дар ду хона рўз то бегоҳ канизаквор хизмат мекард. Келинчаки бечора бар замми тамоми кору бори ду хонаро бар дўш доштан бибии маъюби шавҳарашро нигоҳубин мекард ва ҳатто либосҳои тагпўши Мутрибаю духтарҳояшро шуста, дарзмол мекард. Бойдухтари бо гуноҳи модар ба хонадони чунин мардуми беандеша афтида, ба тақдир тан дода, кўшиш мекард, ки дили хушдомани морзабонашро ёбад, вале кайк дар ҷандаю ноз дар ганда гуфтагӣ барин, Мутрибаи бенаво ҳеҷ аз келин хурсанд намешуд. Ҳамин тавр моҳҳо турнасон гузаштанду Самира ҳомиладор шуд. Келинчак умед дошт, ки баъди тавлиди фарзандаш хушдоманаш бо ў меҳрубон мешавад, вале ҳолаш ба ҷойи беҳ шудан бадтар гашт. Мутрибаи «ба зиндагии фарзандонаш ҳеҷ гоҳ кордор намешуда» баъди таваллуди наберааш инҷиқтар шуд, зиндагии самираи бечораро харобтар менамуд. Хушдомани бераҳм нохуб будани саломатии келинро дидаю дониста ҳар рўз бо ҳар баҳона писарашро бо занаш ҷанг меандохту тамошо мекард.

Хушдомани хонасўз

Иғвогариҳои хушдоман ба он оварда расонд, ки шавҳараш Самираро бо тифлакаш аз хона ронд. «Бахт бахти аввал аст гуфтед, хотири дадом ин қадар вақт ба ҳама қилиқу найрангашон тоб овардам, оча, илтимос, дигар маро маҷбур накунед, ки ба он дўзах баргашта, зиндагӣ кунам. Сарбории шумоён намешавам, писарам калонтар шавад, ба кор мебарояму рўзи худаму фарзандамро мегузаронам»,-Самира кўшиш мекард ба модараш оқибат надоштани зиндагиашро фаҳмонад.

-Мутриба ягон мақсад доштагист, охир беҳуда одам дар чиллаи зимистон келину набераашро аз дар берун намекунад. Духтарҷон, барои аз шавҳарат ҷудо шудан саросема нашав, шояд хушдоманат махсус туро аз хона рондааст, ки мо бароятон хона харем,-насиҳат мекард Саида.

Як ҳафта пас модари Самира ба хонаи қудо рафт, то асли гапро фаҳмад.

-Кўчи духтаратро ба нағзӣ бар, набошад аз тиреза берун мепартоям,- таъкид кард Мутриба ва бо қошқ қавоқи овезон.

Саида ночор чизу чораи Самираро ба мошин бор карда овард ва барои духтараш хона харид, то набераякаш ятим нашавад. Мутрибаи айёра ба мақсадаш расид, акнун писару келинаш дар хонаи Саида зиндагӣ доранд ва бори вазнини хонахарӣ аз дўшаш раҳо шуда, ҳамроҳи духтараш шоду масрур аст…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД