Саидаю Мутриба ҳамсинф бошанд ҳам, баъди хатми мактаб дигар якдигарро надиданд. Дарёи зиндагӣ ҳар кадомеро ба соҳиле бурду дугонаҳо аз тақдири ҳамдигар бехабар монданд. Ҳарду қариб, ки баробар куртаи арўсӣ пўшида бошанд ҳам, бахт ба рўйи яке хандиду дигариро навмед гардонд. Мутриба бо 4 фарзанд аз шавҳараш ҷудо шуда, аробаи зиндагияшро худаш бо ранҷу азобу машаққат мекашид. Писару духтари калониашро бо пулҳои бо нўги сўзан ҷамъкардааш хонадор кард, вале бахт ба рўйи фарзандонаш ҳам нахандида ҳардуяшон хонавайрон шуданд. Бадбахтии бачаҳояш як ғами Мутрибаро ҳазор ғам карда буд ва бевазан намедонист чӣ гуна аз гирдоби нокомӣ барояд. Бахти Саида хандида соҳиби шавҳари бодавлату хонаю дари обод гашта буд ва зиндагии шоҳона дошт. Аллакай 3 фарзандашро хонадор карда буд ва акнун мебоист духтари хурдиаш Самираро бо либоси сафеди арўсӣ ба хонаи бахташ гусел намояд.
Ишқи ўзбекбача
Самира дар давраи донишҷӯӣ бо Комрон ном ўзбекбачае шинос шуда, паймони муҳаббат баста буд. Мувофиқи маслиҳати дилдодаго як сол пас Комрон модарашро ба хонаи Самира хостгорӣ фиристод. Саидаю шавҳараш аз рўи таомул дастурхони пур аз нозу неъмат ороста хостгоронро бо иззату икром қабул карданд, вале норозигии модари домод ҳанўз вақти аз дар даромаданаш аз чеҳрааш айён буд. Аз қошу қавоқи гирифтааш барфу борон меборид ва ба назар чунин мерасид, ки ин зан барои маслиҳати кори нек-тўй нею ба мотаму азо омадаааст. Модари домод ба ҷойи дилёбӣ кардан дар сари дастурхон заҳр зад: «Хеши худамро келин карданӣ будам, лекин бачаи беақлу аҳмаќам ба доми ишқи духтари шумо афтода ду пояшро ба як мўза андохта «Самираро мегираму халос» гуфт. Маҷбур шуда, хостгорӣ омадам!» Падару модари Самира аз ин рафтори қудошаванда ба ғазаб омада бошанд ҳам, изои мўъмин ҳаром гўён, базўр худашонро дошта, лаб газиданд.
-Духтаратон ақалан пухтупаз карда метавонад,-боз ситеза кард қудозан. Шайтон Саидаро васваса мекард, ки аз банди мўяш дошта, ин занаки бефаросатро кашон-кашон аз дараш берун кунад, аммо боз хотири бахти духтараш худдорӣ намуда, гиребонашро дошта, астағфуриллоҳ мегуфт. Хешу табори ба фотиҳа омада, ки Самираро аз хурдиаш медонистанду борҳо аз таъомҳои лазизаш даҳон ширин карда буданд, бо як овоз гуфтанд, ки тамоми шириниву нозу неъматҳои рўйи дастурхон бударо худи келиншаванда пухтааст, вале модари домод ҳамоно айб меҷуст. Саида пай бурд, ки ин зан баъди келин карда ба хонааш бурдан духтари бо сад орзуву ҳавасу меҳру ноз парвардаашро дар пўчоқи писта ҷой мекунад ва баъди рафтани хостгорҳо Самираро ба наздаш хонда гуфт:
-Аз онҳо хубӣ намебарояд бачам, беҳтараш аз баҳри Комронат гузар! Самира ин гапи модарашро шунида мотам гирифт ва оби чашмонашро, ки шаш қатор ба бари рўяш мешориданд, поккунон таъкид намуд, ки ӯайри Комрон дигар ҳеҷ касро намехоҳад. Модар хотири духтараш розӣ буд, ки бо модари каждумзабони Комрон созиш намояд, вале падари Самира ду пояшро дар як мўза андохта, такрор ба такрор мегуфт:
-Духтарат ба ҳамон бача ба шавҳар барояд, дигар ба ман даркор нест! Саидаи бечора дар байни обу оташ монд буд ва чӣ кор карданашро намедонист.
Вохўрии тасодуфӣ
Дар ана ҳамин айёми душвор бо амри тақдир Саида дар тўйи як шиносаш тасодуфан бо дугонаи даврони мактабиаш Мутриба вохўрд. Дўстони дерин аз ҳолу аҳволи ҳамдигар пурсон шуданд. Тақдири талхи Мутрибаро шунида Саида афсўсхўрон лаб газиду либосҳои қимматбаҳою кару фарри дугонаашро дида, кирми ҳасад дар дили Мутриба лона гузошт.
-Барои писарам арўс кофта истодаам, агар розӣ бошӣ, духтаратро келин мекунам,- арзи муддао намуд Мутриба.
-Дгонаҷон, духтари ман фотеҳа шудагӣ, ҳарчанд ману падараш розӣ набошем ҳам, фотиҳаро гардондан хосияти хуб надорад,-даст афшонд Саида ва афзуд,-ҳамин дугонагиамон беҳтар, қудо шудӣ, ҷудо шудӣ гуфтагӣ барин, бачаҳоро ҳамхона карда, худамон боз душман нашавем!
Торҳои макри дугона
Мутрибаи хира ба ҷону ҳолаш намонда рақамҳои Саидаро гирифту барои ба даст овардани дили дугонаи пулдораш дар як рўз 2-3 маротиба занг мезадагӣ шуд. Дугонаҳо риштаи дўстиашонро дубора пайваста ба хонаи ҳамдигар меҳмон мешуданд. Мутриба бо ҳар баҳона тез-тез ба хонаи Саида меомаду зану шавҳари меҳмоннавоз меҳмонро дар зеботарин манзараҳо зиёфат медоданд. Бо амри модараш писари Мутриба аз паси Самира кашола шуда, мехост бо хушгўиву меҳрубонӣ дили бойдухтарро ба даст биёрад. Самира аз рўйи эҳтиром бо писари дугонаи модараш бадзабонӣ намекард, аммо дилаш кашоли Комрон буд.
(Давом дорад)