arzon replenishment
КАМПИРРО ДАР РӮЗИ РАВШАН ҒОРАТ КАРДАНД
2040

Ин кампири руҳафтодаю хастаҳолеро, ки дар зинапояҳо мебинед, холаи Гадоӣ ном дорад. Ӯ рӯзгори бениҳоят сангину душвор дорад. Холаи Гадоӣ 5 писарро бо сад ҳавасу орзу ба воя расонда, аз он умед дошт, ки онҳо дар оянда соябони ӯ, шавҳари маъюб ва духтарчаи маъюбашон мегарданд. Сад афсӯс, ки тақдир ба рӯяш нахандиду он панҷ писари паҳлавонаш дар мулки ғариб, аниқтараш дар кишвари Русия ҷон ба ҷонофарин супурданд.

Холаи Гадоӣ ба синну сол ва қомати хамаш нигоҳ накарда, ба ҷорӯбфурӯшӣ машғул мешавад. Духтараш ғайр аз оне, ки маъюб аст, боз чанд муддат ҷарроҳии ҷигар шудааст.
Ин модари бечора тӯли 4 моҳ маблағи аз ҷорӯб фурухтаашро захира мекунад. Моҳи март нафақаашро ҷамъоҷамъ бо пули 4-моҳаи бо арақи ҷабин коркардааш мегираду роҳ ҷониби бозорро пеш мегирад. Аммо бехабар аз он, ки дар бозор чӣ рӯзи сиёҳ ба сараш меояд.

Ҳамаамон хуб дар хотир дорем, ки моҳи март дар бозорҳои Тоҷикистон харидори намудани орд “тренд” буд. Издиҳоми мардумеро, ки дар навбат истода буданд, тасвир кардан амри маҳол аст. Аммо дуздони беинсофи бераҳм ба киссаи модарифақири солхӯрда чам аъло карда, пулҳои бо хуни дил кор кардаашро медуздад. Аз он рӯз то инҷониб ӯ ҳар рӯз ашки шашқатор мерезонаду интизори ҷавоби аризааш мебошад. Дузди беимон то ҳанӯз ба даст наафтодааст. Дар камера гиряву нолаи кампир намоён асту срати дузғд айён нест.

Дар саҳифаи фейсбукии “Ахбор барои афкор” вазъи кампир шаҳр дорда шуда, суроға ва рақами мобилияш низ гузошта шудааст. Холаи Гадоӣ ба кӯмаки пул не, балки ба маводи ғизоӣ ба монанди орду равған ва амсоли инҳо ниёз дорад.
Касе кӯмак кардан хоҳад, суроға ва рақами телефонии ин модар дар зер оварда шудааст:
Раҳимова Гадоӣ дар 9 км, ки ба ноҳияи Рӯдаки дохил мешудааст зиндагӣ мекунад. Манзили зисти ин модар дар кӯчаи Гулистон, замини наздиҳавлигии Сангтӯда, хонаи 194-назди мағозаи Шариф ҷой доштааст. Бисёриҳо ӯро момаи Умедҷон ном мебаранд. Рақами телефон: 987721112

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД