Дар як моҳи болои бистар будани хушдоманам шабу рўз ҳамроҳаш будам, зеро ин зани меҳрубонро аз модарам кам намедонистам.
Хушдоманам пеш аз маргаш ҳамаи моро наздаш даъват карда, гуфт:
- Боҳирҷону Умарҷон, ҳамеша қадри Анораро донед, ки аз духтар дида ба ман зиёдтар хизмат кард,- гуфт ӯ ва ба келини калонияш нигариста, афзуд: “Бо авсунат мисли апаву хоҳар бошед”.
Хушдоманам аз дунё армонӣ рафт, ў пир ҳам набуд, нав ба панҷоҳу панҷ қадам мемонд. Бо рафтани ў хона дар назарам холӣ метофт, аз гиряи зиёд ба беморӣ печидам. Модарам як соли дароз ҳамроҳам буд, апаҳоям ба навбат омада, ҳамроҳам менишастанд, Умарҷон барои табобат ду бор ба Ҳиндустон бурд. Беҳуда нагуфтаанд, ки вақт ҳама дардро шифо мебахшад ва ман ҳам оҳиста-оҳиста ба худ омадам. Хушбахтона, ниҳоли қоматам бор оварду ҳомила шудам. Пас аз гузаштани моҳи ҳамл соҳиби духтарчаи нозанине шудам, ки чун себи дукафон ба хушдоманам монанд буд. Бо ризоияти шавҳару ҳеварам номи бибияшро ба духтарчаамон гузоштем. Марзиябонуи мо рўз ба рўз ширинаку калонак гашта, ғамзудоямон буд. Шавҳарам духтарамонро “очаҷон” мегуфту зиёд дўсташ медошт. Пайи ҳам чор фарзанд таваллуд кардам, ду писару ду духтар. Шавҳарам бароям як ёрдамчии дигар низ гирифт, боз модарам кумакам мекард, зиндагии хушу гуворое доштем. Шавҳарам тиҷораташро аз бародараш ҷудо карда, чанд корхонаи шахсӣ дошт, акнун яке аз мардони сарватманд ва шинохтаи ҷомеа гашта буд. Худоро шукр мекардам, ки шавҳарам мисли баъзе бойҳо занакбозу айёш нест, фикру зикри ў ҳамеша банди тиҷорат ва тарбияи фарзандонамон буд, вале…
Шавҳарам дар деҳаи падарияш, ки дар як кўҳистони хушманзара воқеъ буд, корхонаи хишт кушод. Ҳар гоҳи ба он ҷо рафта омадан таъриф мекард, ки “занакҷон, дар назди корхона замин гирифта, ҳавлӣ сохта истодаам, Худо хоҳад, тобистони дигар се моҳ ҳамон ҷо истироҳат мекунем”. Тағоям бо зану фарзандонаш чанд сол дар ҳамон деҳа зиндагӣ карда, баъди вафоти бибию бобоям ба Душанбе омада буд. Модарам аз ин иқдоми ҷиянаш хурсанд шуда, мегуфт:
- Дар хоки поят мурам Умарҷон, арвоҳи волидонамро шод кардӣ, садқаҳакат шавам.
Умарҷон дар бораи хешу таборони дурашону рафтанаш ба сари гўри бибию бобояш қисса карда, дили модарамро об мекард. Ман низ ба хурсандии эшон шарик мешудам.
Боре Умарҷон се-чоррўза ба хабаргирии корхонааш ба деҳа рафта, аз он сў як зани тахминан панҷоҳ-панҷоҳу панҷсолаи харобаки сиёҳро оварда, гуфт:
- Занакҷон, шинос шав, ин кас Тутинисо - хеши дурамон, писараш ҳамин ҷо хизмат мекардаасту ба хабаргирӣ омадааст. Азбаски ягон касро намешиносад, ӯро ба хона овардам.
Ман ки аслан занони қишлоқиро зиёд дўст медоштам, бо хушӣ меҳмонро қабул карда, барояш дастархон овардам. Тутинисо сари дастархон дар бораи зиндагии талху сангинаш қисса намуда, гуфт:
- Шавҳарам бо шаш фарзанд талоқамро дод. Писари калониям бо хоҳиши худаш ба аскарӣ омад, дигарҳо мактабхонанд. Се писару се духтар дорам, дар деҳа бекор будам, хайрият ҳамин Умарҷон корхона кушоду маро ба кор қабул кард. Дар ошхонаи коргоҳ барои коргарон се вақт хўрок мепазам, шиками худаму кўдаконам сер аст. Як порча замин дорам, мехоҳам хоначае андохта, аз дари акаву янга халос шавам. Худо баракати фарзандонатонро диҳад…
Дилам ба ҳоли зори Тутинисо сўхт. Рўзи дигар модарам омаду бо дидани хеши дураш хурсанд шуд. Бо хоҳиши модарам меҳмон чор - панҷ рўз дар хонаи мо монд, рафта писари сарбозашро хабар гирифта меомад.
Пас аз меҳмонӣ Тутинисоро бо туҳфаҳои зиёд гусел карда, ваъда додам, ки ба Умарҷон мегўям, дар сохтмони хонааш ба ӯ кумак мерасонад.
Тобистони ҳамон сол ба деҳа рафтему Тутинисо, ки чанд бори дигар меҳмонам шуда буд, моро ба хонааш меҳмонӣ талабид. Гумон доштам, ки хонаҳои оддисохти деҳотӣ дорад, вале…
АНОРА
Таснифи Рухсора САИД