Бибикалони 100-сола аз ИМА ба китоби рекордҳои Гиннес ворид карда шуд. Эдит Мюрвей-Трэйн варзишгарзани дарозумртарине аст, ки бо навъи варзиши пауэрлифтинг машғул аст. Бонуи куҳансоли амрикоӣ яке аз нафарони дарозумртарине ба шумор меравад, ки саломатии хеле хуб дорад. Намояндагони китоби рекордҳои Гиннес хабар доданд, ки исми ин бону дар нашри китоби соли 2022 қайд карда мешавад. Ҳанӯз соли 2019 Эдит штангаи вазнаш 68 килограммаро бардошта буд, вале ҳамчун пауэрлифтери пиртарин баъди 100-солагӣ эътироф гардид.