Варзишгари тоҷик Қамариддин Ҳасанов рӯзи 19-уми сентябр дар шаҳри Тбилиси дар нимфинали Гран-при HYPE FC дар вазни то 70 килограмм рақобат мекунад.
Рақиби Ҳасанов варзишгари ӯзбек Жасурбек Жӯраев бо лақаби «Тайсони ӯзбек» хоҳад буд. Ин дуюмин вохӯрии ду варзишгар дар соли ҷорӣ ба ҳисоб меравад.
Моҳи феврали соли равон Ҳасанов дар муҳорибаи аввал бар Жӯраев пирӯз шуда буд. Ӯ рақиби худро дар раунди дуюм бо усули arm-triangle - буғибандӣ дар партер мағлуб кард.
Қамариддин Ҳасанови 38-сола дар муҳорибаҳои касбии MMA 9 пирӯзӣ, 4 бохт, 1 мусовӣ ва 1 муҳорибаи бе натиҷа дорад. Аз 9 пирӯзии ӯ 3-тоаш бо сабмишн ба даст омадааст. Ҳоло дар нимфинал роҳхат ба финали Гран-при ба бозӣ гузошта мешавад.