Эл-Пенон-де-Гуатапе бузургтарин санг дар ҷаҳон буда, дар байни шаҳрҳои Гуатапе ва Эл-Пеноли Колумбия ҷойгир шудааст.
Ин санг бо дарозии 380 метр, паҳноии 100 метр ва баландии 220 метр ҳатто сайёҳони ботаҷрибаро ба ҳайрат овардааст. Як қисми санг дар зери замин пинҳон аст, аммо ба ин нигоҳ накарда, олимон вазни онро тақрибан 10 миллион тонна гуфтаанд.
Дар бораи пайдоиши санг то имрӯз ягон фарзияи асоснок вуҷуд надорад, вале андешае ҳаст, ки гӯиё санги мазкур 70 миллион сол пеш ба замин афтидааст.
Сокинону меҳмонон 650 зинапояро тай карда, ба болои санг мебароянд, то манзараҳои зебои Колумбияро аз баландӣ бубинанд.