Arzon march 2024
Калонтарин пирях дар Қароқурум
13.07.2024
ОИЛА.ТҶ
677

Сиачен калонтарин пирях дар кӯҳҳои Қароқурум буда, дарозиаш 76 километр ва масоҳаташ 750 километри мураббаъро ташкил медиҳад.

Аз се ду ҳиссаи ҳаҷми пирях дар ҳудуди Ҳиндустон ҷойгир аст. Дарёи Нубра маҳз аз ҳамин пирях сарчашма мегирад, зеро пирях шохаҳои сершумор дорад.

Сиачен соли 1848 кашф шуда, то соли 1909 масоҳати он зиёд шуд. Азбаски як қисми пирях дар ҳудуди Покистон мебошад, дар он як даргири мусаллаҳона миёни Покистон ва Ҳиндустон сурат гирифт.

Муноқишаи маъмули Сиачен маҳз аз ин ҷо сарчашма мегирад, ки дар баландии 6705,6 метр аз сатҳи баҳр ба амал омад. Аз ин рӯ, баландтарин майдони ҷанг дар ҷаҳон майдони Сиачен ҳисобида мешавад, ки ҳарорат дар он метавонад то -60 паст шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД