27-уми феврали соли 2012 гурӯҳи «Mshahed International» (Амороти Муттаҳидаи Араб) дар шаҳри Дубай маҷмӯаи «Паёмбар Муҳаммад»-ро муаррифӣ намуд, ки ҳамчун калонтарин китоби ҷаҳон эътироф гардида, ба китоби рекордҳои “Гиннес” ворид шуд.
Ҳаҷми китоби мазкур 5 метр ба 8,06 метр буда, қариб 1,5 тонна вазн дорад ва аз 429 саҳфа иборат мебошад. Тавре гуфта мешавад, дар эҷоди ин шоҳкорӣ беш аз 50 нафар заҳмат кашидааст.
Дар асар оид ба муваффақияту музаффариятҳои бадастовардаи Паёмбари ислом (с) тӯли ҳаёташ сухан рафта, ҳамзамон, таъсири неке, ки дини ислом дар арсаи байналмилалӣ мегузорад, тавсиф мегардад.