Кафидагии пистони модар яке аз ҳолатҳои ногуворест, ки дар бештари маврид модарони ҷавон азият мекашанд. Духтурони занона яке аз сабабҳои асосии онро дар нодуруст гузоштани кӯдак ҳангоми маконидан мебинанд.
Мусаллам аст, ки кафидагии пӯст дарди шадид дошта, ҳангоми шири пистон додани кӯдак бештар мегардад, ки дар ҳолати зиёд аз сабаби кафидагии он модар наметавонад аз пистон фарзандашро ғизо диҳад. Ин ҳолат ба сирояти захм, рушди кандидоз дар пистон ва мастит мусоидат мекунад. Дар ҳолати сироят ворид шудан ба захм, яъне ҷои кафидаи пистон хатари сирояти кӯдак ҳангоми ғизодиҳӣ вуҷуд дорад.
Сабабҳои кафидани пистонҳо
Тавре болотар зикр шуд, яке аз сабаби асосии ба вуҷуд омадани кафидагӣ - ин нодуруст гузоштани кӯдак ҳангоми синамаконӣ мебошад. Сабаби дигари кафидани пистонҳо ҳангоми хӯрдани шир ҷудо кардани кӯдак аз пистон мебошад, ки дар ин ҳолат кӯдак ба зудӣ сари пистонро сар надода, баръакс фишор меорад, ки дар ҳолати пай дар пай иҷро шудани ин ҳолат мушакҳои пистон захм бардошта, ба кафидагии онҳо оварда мерасонад.
Шустани аз ҳад зиёди пистон ба кафидагии он оварда мерасонад, ки тиби муосир онро зарур намешуморад. Чунки ҳангоми зуд-зуд шустан пистон вазифаи худмуҳофизатиашро гум мекунад. Дар сурати бо меъёр шустани пистон он бо равғани табиии худ шуста шуда, хосияти нармкунандагӣ дошта, пистонҳоро аз бисёр микроорганизмҳо муҳофизат мекунад.
Чанд тавсия барои пешгирии кафидагии пистонҳо
Барои пешгирии кафидагии пистонҳо риояи қоидаҳои гузоштани кӯдак ба сина ҳатмӣ мебошад. Ҳангоми ҳомиладорӣ қоидаҳои гигиенаро риоя кардан ҳатмӣ буда, барои нигоҳ доштани рутубати муқаррарӣ, чандирӣ ва хосиятҳои муҳофизатии пӯсти пистонҳо кумак мерасонад. Барои ин ҳар рӯз синаҳоро шуста ва бо равғани косметикӣ маҳс кунед, то ки ҳуҷайраҳои хушкшудаи пистон тоза шаванд. Дар семоҳаи охири пеш аз таваллуд тавсия дода мешавад, ки собунро камтар истифода баред, то равғане, ки ғадудҳои ареола ҷудо мекунад, нигоҳ дошта шавад. Ҳамчунин, маҳс кардани пистонҳо бо матои ноҳамвор ҳассосияти пӯстро кам мекунад.
Баъд аз таваллуд чӣ кор бояд кард, то пистон солим монад?
Пас аз таваллуди кӯдак ҳангоми ғизо додан тавсияҳои зеринро оид ба гигиенаи пистонҳо риоя кардан лозим аст:
- Пеш аз ҳар як ғизо додан, синаҳоро бо оби гарм (бе собун) бишӯед ва бо дастмол ё дока тоза хушк кунед. Бо собун шустан бояд на бештар аз 1-2 маротиба дар як рӯз анҷом дода шавад.
- Аз истифодаи маҳлули спиртӣ худдорӣ кунед.
- Дар як истакон об як қошуқ сода андохта, мекобед ва бо ҳамин маҳлули омодакардашуда шустани пистон муфид мебошад.
- Барои нарм кардани пистонҳо аз малҳам ва кремҳои махсус, ки аз кафидагӣ пешгирӣ мекунанд, истифода бурдан муфид аст.
Тавсия барои рафъи кафидагии пистонҳо
Барои табобати муваффақонаи пистонҳо бояд аввал сабаби кафидагии онро муайян кард. Агар осеби пистон ночиз бошад, шумо метавонед бо шири сина онро мулоим карда, то пурра хушк шудани он интизор шавед. Барои дар муддати кӯтоҳ барқарор шудани кафидагии сина витамини Е ва равғани ангатро тавися медиҳанд. Ин равғанҳоро ба пӯсти осебдида молида, 5-10 дақиқа интизор шаведу баъдан онро шустан лозим аст.
Модаронро зарур аст, ки барои рӯ ба рӯ нашудан ба ҳолатҳои ногувор ба тавсияи духтурон амал карда, саломатии худу фарзандонашро зери хатар нагузоранд.