Шоми тобистон буд. Офтоб оҳиста-оҳиста пушти кӯҳҳо пинҳон мешуд ва сояҳо рӯйи мазористон доман паҳн мекарданд. Дар гӯшае чанд нафар мардони миёнсол бо белу каланд машғули кор буданд. Қабрҳои кӯҳна яке паси дигар кушода мешуданд, то устухонҳои боқимондаи фавтидагон ба мазористони нав интиқол дода шаванд.
Аз дафни охирин майит дар ин қабристон чанд сол гузашта буд. Чанд соли охир дар ин ҷо касеро дафн накарда буданд. Бинобар ин, бо қарори масъулон ин гӯристони кӯҳна кӯчонида шуда, дар ин ҷо иншооти нав бунёд мешавад. Бархе мегӯянд, ҷойи ин қабристон роҳи сеқабата мешавад, бархе бар онанд, ки ин ҷо бозори нави маҳалла хоҳад шуд... Аммо он рӯз ҳодисае рӯй дод, ки ҳанӯз ҳам мардум аз он ҳарф мезананд.
Яке аз қабрканон белашро ба хок фурӯ бурд. Хок мулоим буд. Пас аз чанд лаҳза тахтаҳои қабр намоён шуданд. Тахтаҳоро аз хок тоза карда, якеро бардошт... Бардошту қафо ҷаҳид.
- Субҳоналлоҳ!,- беихтиёр нидо кард ӯ.
Дигарон ба қабр наздик шуданд.
Даруни қабр ҷасаде хобида буд, чунон ки гӯё ҳамагӣ чанд рӯз пеш ба хок супурда шуда бошад. Кафани сафедаш ҳанӯз ҳам тоза менамуд.
Ҳама дар ҳайрат монданд. Яке аз пирони деҳа, ки дар канор истода буд, оҳиста гуфт:
- Ин ҳамон зан аст...
Ва хотираҳо дубора зинда шуданд.
Тақрибан сенздаҳ сол гузашта буд. Роҳи байни Бишкек ва Душанбе пур аз мошинҳои мусофирбар буд. Мардум ба дидори хешу табор мерафтанд, баъзеҳо барои кору зиндагӣ сафар мекарданд. Дар яке аз он мошинҳо ду хоҳар ва кӯдаки хурдсоле нишаста буданд. Онҳо бо орзуҳои зиёд роҳро тай мекарданд. Ҳеҷ кас намедонист, ки он сафар охирин сафари онҳо хоҳад шуд. Дар яке аз гардишҳои роҳ садамаи мудҳише рух дод.
Вақте ёрии таъҷилӣ расид, аллакай дер шуда буд. Ду зан ва кӯдаки хурдсол ҷони худро аз даст дода буданд. Ин хабар мисли барқ ба наздиконашон расид... Баъди чанд рӯз мурдаҳо ба Ватан оварда шуданд. Тибқи хоҳиши наздикон, модар ва кӯдакро дар як мазористон ба хок супурданд. Ҷасади хоҳари дигар бошад, дар гӯристони дигар дафн гардид. Замон гузашт. Моҳҳо ба солҳо табдил ёфтанд. Кӯдаконе, ки он вақт хурд буданд, калон шуданд, аммо хотираи азизони аздастрафта аз дилҳо нарафт.
Рӯзи интиқоли қабрҳо касе гумон намекард, ки гузашта ногаҳон дубора зинда мешавад. Қабри модар ва кӯдакро кушоданд. Дар аввал ҳама фикр карданд, ки шояд чашмҳояшон фиреб медиҳанд. Вале ҳар қадар бештар менигаристанд, ҳамон қадар ҳайраташон меафзуд. Ҷасадҳо ҳифз шудаанд... Кафанҳо низ ҳанӯз сафеду покиза буданд. Баъзеҳо такбир гуфтанд. Баъзеҳо хомӯш монданд...
Дар чунин лаҳзаҳо одам калима пайдо карда наметавонад. На аз он сабаб, ки чизе гуфтан намехоҳад, балки аз он сабаб, ки ҳарфи муносиб намеёбад. Хабар зуд паҳн шуд. Аз деҳаҳои атроф одамон омаданд. Ҳар кас чизе мегуфт. Яке инро нишонаи каромати илоҳӣ мешуморид. Дигаре аз тақдири инсон ёд мекард. Сеюмӣ хомӯшона ба осмон менигарист.
Дар байни ҳозирон марде буд, ки худро аз хешовандони марҳумон муаррифӣ кард. Вай бо овози гирифта гуфт:
- Ин аммаи ман аст. Солҳо гузаштанд, аммо Худо беҳтар медонад, ки бо бандагонаш чӣ гуна рафтор мекунад...
Шабонгоҳ, вақте мардум пароканда шуданд, як пирамарди солхӯрда назди қабрҳо нишаст. Вай муддате ба хомӯшӣ нигоҳ кард ва баъд гуфт:
- Мо ҳама мусофирем.
Пирамард идома дод:
- Фарқ надорад, ки бой ҳастӣ ё камбағал, ҷавон ҳастӣ ё пир. Охир ҳамаи мо ба як роҳ меравем.
Сипас муште хокро аз замин бардошт.
- Ин хок имрӯз ё фардо насиби ҳар яки мост, аммо муҳим он аст, ки инсон бо чӣ амал ба он ҷо меравад.
Пас аз каме андеша мӯйсафед гуфт:
- Гузаштагонамон мегуфтанд, ки ҷисми шаҳидро хок намехӯрад, дуруст будааст... Худованд худаш донову тавоно аст.
М. МУҲИБОВ