formula feb 2025
Кадом паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2025» рақобат мекунанд?
23.04.2025
Фирӯза
270

 

Аз 2 то 4-майи соли равон дар  Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2025» баргузор мегардад. 

Тавре ки аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додаанд, барои иштирок дар мусобиқаи байналмилалии  «Dushanbe Grand Slam 2025» оид ба гӯштини ҷудо  239 нафар варзишгарон аз 27 давлат номнавис шудаанд, ки 131 нафарашон мардон ва 108 нафар занон мебошанд. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо  дар ин мусобиқа 36 варзишгар маҳорати худро нишон медиҳанд, ки ба ин гурӯҳ Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Лоиқ Қутбиддинов, Меҳрзод Суфиев, Ҳақдод Гулов, Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов, Ёсин Бобокалонов, Шаҳбоз Саидаброров, Абубакр Шеров, Муҳиддин Асадуллоев, Беҳрӯзи Хоҷазода, Маҳмадшариф Наҷмиддинов, Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммад Юсуфзода, Ғанӣ Ғанизода, Сайфиддин Сайфиддинзода, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Умедҷон Раҷабов, Шодмон Ризоев, Музаммир Каримзода, Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов, Парвиз Абдураҳмонов, Муҳсин Маллаев, Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Некрӯзшоҳ Некбахтзода ва Раҳматулло Мирзоев шомиланд. Дар байни замонон Аҳлия Муъминова, Райҳонаи Розиқзода, Мадина Қурбонзода, Зуҳал Ҷумъаева, Насиба Карликова, Александра Кан, Раҳмия Ҳанҷарбекова ва Виктория Киселёва шарафи варзишии тоҷикро ҳимоя хоҳанд кард.

Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн  байни  мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз гардонида мешаванд. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқаи байналмилалии  «Dushanbe Grand Slam 2025» 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад.

Варзишгарон дар Мусобиқаи байналмилалии  «Dushanbe Grand Slam 2025»  оид ба гӯштини ҷудо ба ғайр аз медалу ҷоизаҳои молӣ инчунин дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо соҳиби имтиёзҳо мешаванд: ҷойи якум – 1000 имтиёз, ҷойи дуюм – 700, ҷойи сеюм – 500, ҷойи панҷум – 360, ҷойи ҳафтум – 260 имтиёз.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД