35 years of independency
Барби-блогери оқипадар кисми 7
276

Барби-блогери оқи падар

Қисми 7

 Фарҳод якбора ба тарафи дар давид.

Аммо марди ниқобпӯш пеш аз ӯ ба хона ворид гашта буд. Дар дасташ флешка дошт.
— Инро меҷӯед?
Манзура бо даҳшат ба ӯ нигарист...

Мард ниқобашро бардошт.
Манзура ӯро шинохт. Ин Ахмад буд. Ҳамон ҷавоне, ки ӯро ба клуби Миражбурда буд.
Ахмад табассум кард.
— Салом, Барбӣ.
Манзура оҳиста аз ҷояш хест.
— Ту?
Ахмад ба Фарҳод нигарист.
— Боз ту ҳамон қаҳрамон шудӣ?
Фарҳод ба ӯ наздик шуд.
— Флешкаро деҳ.
Ахмад хандид.
— Шумо ҳоло ҳам чизеро намефаҳмед.
— Чиро?
Ахмад ба Манзура нигарист.
— Манзура, ту фикр мекунӣ, ки Ризо душмани асосии ту аст?
Манзура хомӯш монд.
Ахмад флешкаро ба боло бардошт.
— Не.
Ӯ табассум кард.
— Ризо танҳо яке аз он одамон аст.
Манзура пурсид
— Пас кӣ?
Ахмад ба камераи телефони ӯ нигарист.
— Одаме, ки тамоми ин бозиро аз аввал идора мекард.
Дар ҳамин лаҳза пахши мустақим қатъ шуд.
Экран якбора сиёҳ шуд.
Дар хона хомӯшии вазнине ҳукмфармо гашт.
Манзура ба экрани сиёҳи телефон менигарист.
— Чаро Live қатъ шуд?
Фарҳод ба телефон наздик шуд.
— Касе интернетро хомӯш кардааст.
— Кӣ?
Фарҳод ба Аҳмад нигарист.
Ахмад табассум кард.
— Ман танҳо мехостам, ки сӯҳбати мо хусусӣ бошад.
Манзура бо нафрат гуфт:
— Ту тамоми ин солҳо маро назорат мекардӣ?
Ахмад ҷавоб надод.
— Ман аз ту мепурсам!
— Не, Манзура. Ман туро назорат намекардам.
Ӯ як қадам ба пеш гузошт.
— Ман туро муҳофизат мекардам.
Манзура бо хандаи талх гуфт:
— Муҳофизат?
— Бале.
— Аз кӣ?
Ахмад ба Фарҳод нигарист.
— Аз одамоне, ки ту ҳоло ҳам ба онҳо бовар дорӣ.
Чеҳраи Фарҳод якбора ваҷоҳати ҷиддӣ гирифт.
— Номи маро ба ин бозӣ накаш.
Ахмад хандид.
— Ман номи туро накашидам. Ту худат ба ин бозӣ даромадӣ.
Манзура ба ҳар дуяшон нигоҳ мекард. Ӯ дигар намедонист ба кӣ бовар кунад.
— Ман мехоҳам ҳақиқатро донам.
Ахмад флешкаро ба рӯйи миз гузошт.
— Ҳақиқатро мехоҳӣ?
— Бале.
— Пас инро тамошо кун.
Ӯ ноутбукро кушод ва флешкаро ба он пайваст.
Дар экран як видеои кӯҳна пайдо шуд. Манзура ба экран наздик шуд.
Видео дар як виллаи боҳашамат сабт шуда буд. Дар он Ризо, чанд марди дигар ва...
Манзура бодиққат ба экран нигарист. Дар як кунҷи видео марде нишаста буд, ки чеҳрааш чандон равшан намудор набуд, аммо овозаш шунида мешуд:
— Духтарони навро ба клубҳо тақсим кунед. Онҳое, ки обуначии зиёд доранд, барои мо арзиши бештар доранд.
Манзура ба даҳшат ба экран нигарист.
— Ин чӣ аст?
Ахмад гуфт:
— Бизнес.
— Чӣ бизнес?
— Бизнеси одамоне, ки мисли ту аз зиндагии дигарон пул месозанд.
Фарҳод ба Ахмад нигарист.
— Ин видеоро аз куҷо гирифтӣ?
Ахмад табассум кард.
— Аз ҳамон ҷое, ки ту гирифтӣ.
Фарҳод якбора хомӯш шуд. Манзура тағйир ёфтани ҳолати ӯро пай бурд.
— Фарҳод?!
Ӯ ба Манзура нигоҳ накард, мекӯшид чашмонашро гурезонад.
— Ин видео қалбакӣ нест, -гуфт Ахмад.
Манзура ба Фарҳод наздик шуд.
— Ту ин видеоро қаблан дида будӣ?
Фарҳод хомӯш буд.
— Фарҳод!

— Бале.
Манзура як қадам ақиб рафт.
— Пас ту медонистӣ?
— Манзура, ман метавонам фаҳмонам.
— Не! Ман чизеро фаҳмидан намехоҳам.
Овози Манзура баланд шуд:
— Шумо ҳамаатон як хелед!
Ӯ ба Ахмад нигарист.
— Ту маро ба клуб бурдӣ.
Баъд ба Фарҳод нигарист.
— Ту маро аз он ҷо бароварданӣ шудӣ, аммо маълум мешавад, ки ту ҳам ҳама чизро медонистӣ.
Фарҳод узрхоҳона гуфт:
— Ман мехостам туро муҳофизат кунам.
— Бо дурӯғ?
— Агар ман ба ту ҳама чизро мегуфтам, ту ба Ризо наздик мешудӣ.
— Ман аллакай ба ӯ наздик шуда будам!
Фарҳод хомӯш шуд.
Манзура ашкҳояшро пок кард.
— Ман дигар ба ҳеҷ кас бовар намекунам.
Ахмад флешкаро аз ноутбук гирифт.
— Манзура, ту ҳоло танҳо як роҳ дорӣ, ё ин маълумотро ба полис медиҳӣ ва тамоми ин одамонро ба ҷавобгарӣ мекашӣ..

-Ё чи?
Ӯ лазҳае сукут карда гуфт:
— Ё бо ман ҳамроҳ мешавӣ.
Манзура бо ҳайрат ба ӯ нигарист.
— Барои чӣ?
— Барои он ки ин системаро аз дохил вайрон кунем.
Фарҳод якбора гуфт:
— Не.
Ахмад ба ӯ нигарист.
— Ман аз ту иҷозат напурсидам.
— Ин кор Манзураро ба хатар мегузорад.
— Ҳаёти вай аллакай дар хатар аст.
Манзура ба ҳар дуяшон нигарист.
— Ман худам қарор қабул мекунам.
Фарҳод гуфт:
— Манзура, ту намедонӣ, ки бо кӣ рӯ ба рӯ мешавӣ.
— Пас ба ман бигӯ.
Фарҳод чашмонашро пӯшид.
— Он марде, ки дар видео нишастааст...

Манзура рост ба чашмони Фарҳод нигарист:
— Он марде, ки дар видео нишастааст, кист?
Фарҳод нафаси чуқур кашид...

(Давом дорад)

 

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД