goodwell
Далер Назаров барои саҳмаш дар мусиқии тоҷик соҳиби манзил шуд
30.10.2026
Оила
113

Далер Назаров барои саҳмаш дар мусиқии тоҷик соҳиби манзил шуд

Сароянда ва оҳангсози маъруфи тоҷик Далер Назаров барои саҳми арзандааш дар рушди мусиқии тоҷик бо манзил қадрдонӣ гардид.

28-уми октябр дар як зиёфати бошукӯҳи пӯшида, ки бо ташаббуси ширкати TAS International District дар шаҳри Москва баргузор шуд, ба Далер Назаров манзил дар маҷмааи истиқоматии TAS International District тақдим карда шуд.

Намояндагони ширкати TAS International Group зимни ин иқдом изҳор доштанд, ки туҳфаи мазкур нишонаи эҳтиром ва сипосгузорӣ ба ҳунарманд барои саҳми назаррасаш дар рушди мусиқии тоҷик, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таъсири эҷодиёти ӯ ба наслҳои гуногун мебошад.

Далер Назаров аз чеҳраҳои шинохтаи санъати мусиқии тоҷик ба шумор рафта, дар тӯли фаъолияти эҷодии худ бо сабку услуби хоси ҳунарӣ ва асарҳои мондагор миёни мухлисони мусиқӣ маҳбубият пайдо кардааст.

Ӯ ҳамчунин соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли 2024 мебошад.

Тақдими манзил ба ин ҳунарманд ҳамчун қадрдонӣ аз фаъолияти чандинсолаи ӯ ва саҳмаш дар муаррифии мусиқии тоҷик арзёбӣ мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД