goodwell
Се ҳунарманди тоҷик соҳиби нишони «Аълочии фарҳанг» шуданд
30.10.2026
Оила
100

Се ҳунарманди тоҷик соҳиби нишони «Аълочии фарҳанг» шуданд

Ҳунармандони маъруфи эстрадаи тоҷик Меҳрнигори Рустам, Ситораи Кароматулло ва Фотиҳаи Машрабова бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.

Маросими қадрдонии намояндагони фарҳангу адаб ва кормандони вазорату идораҳо дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар доираи чорабинӣ як қатор ҳунармандони эстрадаи тоҷик, аз ҷумла Меҳрнигори Рустам, Париноз Ақназарова ва Ситораи Кароматулло аз дасти вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён туҳфаҳо гирифтанд.

Ин қадрдонӣ ба саҳм ва фаъолияти намояндагони соҳаи фарҳанг бахшида шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД