Меваҳо аз клетчатка, витамин ва минералҳо бой буда, барои организм фоидаи зиёде доранд, аз ин рӯ ҳатман бояд ба ғизои кӯдакон ворид карда шаванд.
Аммо ҳар як модар бояд бидонад, ки кадом меваро аз чандвақтагӣ ба кӯдак додан мумкин аст.
Кӯдак аз чандмоҳагӣ бояд мевагӣ хӯрад?
Ба тифлакон танҳо пас аз шашмоҳагӣ мевагӣ додан мумкин аст. Шумо бояд хеле эҳтиёткорона додани меваро ба кӯдак сар кунед. Дар оғоз ба тифлак ҳамагӣ ним қошуқча афшӯра-пюреи мевагӣ додан кифоя аст. Агар аллергия дода, дар бадани кӯдак доначаҳои сурхак надаманд, шикамрав нашавад ё қайъ накунад, табби кӯдак баланд нашавад ва саломатиаш хуб бошад, метавонед миқдори мевагиро баъдан кам-кам зиёд кардан гиред.
Кадом меваро кай бояд дод?
Ба ҳеҷ ваҷҳ додани мевагиро аз меваҳои ситрусӣ сар накунед, зеро аксаран чунин меваҳо аллергия медиҳанд. Нахустин мевае, ки тифлаки шумо мазаашро мечашад, себи кабуд ё ноки зард бошад, беҳтар аст. Ба тифлакони шаш-ҳафтмоҳа додани меваҳои рангашон сурхи баландро ба модарон тавсия намедиҳем.
Пас аз ҳафт моҳи ҳаёт, шумо метавонед ба фарзанди худ меваҳои донакдор диҳед. Ба тифлакон пас аз ҳаштмоҳагӣ афшӯраи зардолу ва олуболу додан мумкин аст. Шумо бояд меваҳоро хуб майда карда, баъд ба кӯдак диҳед, то тавонад ҳазм намояд.
Аз нӯҳмоҳагӣ ба тифлакон афшӯраи гелос ва кулфинай дода метавонед, вале ин меваҳо, махсусан қулфинайро дар зерии оби равон нағзакак шуста, баъд майла карда ба кӯдак диҳед.
Пас аз яксолагӣ метавонед ба кӯдакатон кам-кам меваҳои экзотикӣ ба монанди ананас ва киви диҳед.
Дар байни меваҳо аз ҳама меваи муфид ва безарар ин банан аст. Додани бананро ба кӯдак пас аз шашмоҳагӣ метавонед оғоз намоед.