Маҳсулоти лозима:
1 дона пиёз, 1 дона сабзӣ, 400 г гӯшти мурғ, 2-3 қошуқ равғани растанӣ, 40 г қиёми помидор, намаку мурч, паприка.
Тарзи таҳия:
Пиёзро нимҳалқа реза карда, сабзиро аз турбтароши сӯрохиҳояш васеъ гузаронед. Равғанро дар дег тасфонида, пиёзро 4-5 дақиқа бирён кунеду ба он сабзиро илова карда, боз бирён кунед. Қиёми помидорро илова карда, ба зирбак орд андозед. Гӯшти мурғро начандон калон реза карда, ба зирбак андозед ва баъди 2 дақиқа оби ҷӯшидаву мурчу намак илова кунед. Ҳарорати плитаи хӯрокпазиро паст карда, хӯрокро муддати 25 дақиқа дам партоед.