Як марди ҳисориро бо гуноҳи таҷовузи як писарбачаи ноболиғ боздошт кардаанд. Мақомоти маҳаллӣ дар ноҳия гуфтанд, ки ҳодиса тақрибан 10 рӯз қабл дар Турсунзода рух додааст.
Навбатдори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор рӯзи 11-уми феврал гуфтааст,ки ба зидди ҷавоне, ки ба писари ноболиғе дастдарозӣ кардааст, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишотро прокурорӣ идома медиҳад. Ин мард ҳоло дар боздошт қарор доштааст.Чунин ҳодисаи дастдарозӣ ба ноболиғ қаблан низ дар ин ҷо дида шуда буд ва бо гуноҳи дастдарозӣ ва ҳомила кардани як духтари 12 сола мардеро боздошт намуданду баъд аз толори суд “дар асоси қонуни афв” озодаш карданд. Ин ҳодиса дар матбуот баҳси зиёдеро ба миён овард ва ҳоло парвандаи мазкурро Суди олӣ мавриди баррасӣ қарор додааст.
Моҳе пеш як гурӯҳ аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз Президент ва раҳбарони ду палатаи парлумон хостанд, ки ҷазоро барои озори ҷинсии ноболиғон сахттар кунанд. Дар зери муроҷиатнома 54 созмону шахсони алоҳида имзо гузошта буданд.