Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқи латтукӯби як омӯзгори мактаби миёна аз сӯи наздикони хонандаро оғоз кардаанд. Муаллимаи забони англисӣ дар мактаби миёнаи №50-и ноҳияи Касбийи Узбекистон Лобар Эргашеваро наздикони хонанда 26-уми апрели соли равон латтукӯб кардаанд.
“Он рӯз хонандаҳое, ки дар сафи охир нишаста буданд, ғавғо бардоштанд. Аз онҳо талаб кардам, ки хомуширо риоя кунанд, вале гуш накарданд. Дарсро як илоҷ карда, ба поён расонидам. Сипас барои синфҳои 1-ум дарс мегузаштам, ки модари яке аз он хонандаҳо – ҳамкорам вориди синфхона шуда, маро айбдор кард, ки фарзандашро задаам. Модари хонанда сарфи назар аз он ки ҳомиладор будам, маро зад”, – изҳор дошт Эргашева.
Ба гуфтаи Эргашева, он рӯз холаи хонандаи мазкур низ ӯро латтукӯб кардааст. Мудири мактаби №50 Олимҷон Нуриллаев ҳам латтукӯб шудани Эргашева аз сӯи наздикони хонандаро тасдиқ кард.
Худи Лобар Эргашева мегӯяд, наздикони хонанда бидуни асос ӯро латтукӯб кардаанд ва вай хонандаро назада буд.
Сухангӯи Идораи маорифи Қашқадарё Ҷавоҳир Рузиев хабар дод, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят таҳқиқи қазияро оғоз кардаанд.