Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо фармонҳои худ роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳои кишварро иваз намуданд.
Аз ҷумла бо фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шарифӣ Ф. Б. аз вазифаи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон, Шоҳиён З. Ф. аз вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, Мардзода О. М. аз вазифаи раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Ҷобирзода Д. П. аз вазифаи раиси ноҳияи Нуробод озод карда шуданд.
Бо фармонҳои дигари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Мирзозода И. Х. иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон, Иброҳимиён А. К. иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, Давлатзода Н. С. иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Солеҳзода Ф. Ҳ. иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Нуробод таъин карда шуданд.