Меҳринигор нав ба синни 21 қадам ниҳода буд ва дар дил орзую ҳавасҳои зиёде дошт. Ин бонуи фариштарӯю фариштахӯй ғунчаи зебои гули садбарги сурхро мемонд, ки чашми кас аз тамошояш сер намешавад. Афсӯс, сад афсӯс, ки ин ғунҷаи хушрӯю хушбӯйи ҳанӯз нашкуфта хазон гашт...
Пайвандонаш бо фиғони ҷигарсӯз дар сӯги ин арӯси бахт нодида хун мегирянд. Нолаи зори модари фарзандгумкарда дар дашту даман танин андохта, то ба арши барин мерасад. Қомати падар бишкаставу чашмони бардарон ғарқи оби дида, хоҳарон рӯю мӯйканон мегирянду мегирянд, аммо...
Нолаву фиғони азизони дилаш ба гӯши Меҳринигор намедарояд. Ғарқа дар хуни худ аз ин олами дудар рахти сафар баст гулдухтари номурод...
Ин фоҷиа рӯзи 26-уми апрел, тахминан соатҳои 18.30 сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Хайрулло Ҷабборови 50-сола ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Панҷ ба самти шаҳри Бохтар дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён қудрати идора кардани мошинро аз даст дода, сокини ҷамоати деҳоти Ватани ноҳияи Фархор Тошова Меҳринигор Мирзоевнаи 21-соларо пахш кард. Меҳринигор бар асари ин садамаи тақдирсӯз ҷароҳат ва захмҳои зиёде бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид...
Аҳли оила, хешу ақрабо ва ҳаққу ҳамсояҳо бо қалби хунчакону нолаҳои зор ҷисми бе ҷони ин нозанини дар хуну халаф ғарқро ба хок супурданд.
Таҳқиқот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.