Бахти сафед
КӢ БЕШТАР ҒАЙБАТ МЕКУНАД: МАРД Ё ЗАН?
1434


Дар байни мардум ақидае роиҷ аст, ки ғайбат сирф амали занона аст ва хонумҳо аз бекорӣ устухони якдигарро “хоида” ҳамдигарро ғайбату бадгӯӣ мекунанд, аммо таҷриба нишон медиҳад, ки дар асл чунин нест. Олимони Донишгоҳи Калифорния исбот намуданд, ки мардҳо аз занон дида бештар ғайбат мекунанд. Ин хулосаи олимони амрикоӣ гапи хушку холӣ набуда, натиҷаи як тадқиқоти илмӣ мебошад, ки бо иштироки ҳазорон нафар занону мардони синну сол ва касбу корашон гуногун гузаронида шудааст.

Шахсони дар тадқиқот иштирок намуда бо худ дастгоҳҳои сабти овоз доштанд ва тамоми сӯҳбатҳои онҳо дар ҷараёни рӯз сабт карда мешуд. Маълум шуд, ки мардон дар як рӯз на камтар аз 52 дақиқа вақти қимати хешро сарфи ғайбати дигарон месозанд. Хонумҳо ғайбат кунанд ҳам, назар ба мардҳо хеле камтар пойи дигаронро мехоянд.

Бадгӯии сардор-мавзӯи дӯстдоштаи мардон!

Тадқиқоти олимони амрикоӣ нишон дод, ки ғайбату бадгӯӣ кардан дар ҳаққи роҳбарон мавзӯӣ дӯстдоштаи аксари мардон мебошад. Ғайбат гуфта мо танҳо дар бораи занбозӣ ё хислатҳои бади дигарон қисса карданро дар назар надорем. Баҳсу мунозираҳо дар бораи он ки, кӣ вазифаи нав гирифту киро аз кор ронданд ва сӯҳбатҳои бехи гӯшӣ дар боби рафтору кирдори роҳбарони “манфур” низ ба категорияи ғайбат дохил мешаванд. Аксари мардон норозигии худро ба сардор рӯйи рост баён карда натавониста, дар ғайбашон роҳбаронро ғайбат мекунанд. Бо ҳамин роҳ иддае аз мардон кинаву кудурати дили худро холӣ мекунанд.

Кӣ ғайбатчӣ: бой ё камбағал?

Азбаски одамони камбағал зиндагии фақирона доранд, ба назар чунин мерасад, ки онҳо ба одамони бою бадавлат ҳасад бурда, ҳамеша онҳоро ғайбат мекунанд, аммо дар асл чунин набудааст. Тадқиқоти олимони донишгоҳи Калифорния нишон дод, ки баръакс сарватмандон аз камбағалон бештар ғайбат мекунанд. Аксари одамони доро бо мақсади паст задани шаъну шарафи рақибонашон дар назди шиносу ношинос онҳоро паст зада, бо ҳамин восита бартарии худро нишон доданӣ мешаванд.

Фарқи ғайби занона аз мардона

Фарқияти ғайбати занона аз мардона дар он зоҳир мегардад, ки занҳои ғайбатчӣ хеле кам дар бораи мавзӯҳои иҷтимоӣ гап мезананд. Хонумҳо бештар ба ҳаёти хусусии дигарон дахолат намуда, дар бораи куртаҳои қимати зани ҳамсоя, кавалери нави дугонаашон ва ё маъшуқабозию дузанагии ин ё он шиносашон соатҳо гап мезананд. Муҳокимаи асрори зиндагӣ ва сирҳои нокушодаи дигарон мавзӯи асосии ғайбати занҳост.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Саттор 2021-01-24, 15:24
Шабнами таппакзанаки қишлоқӣ! Чун ғайбатчии рақами 1ҳастӣ, ҳатто аз маҷалаҳои хориҷӣ ҳам мавзӯъӣ ғайбатро тарҷума карда, чоп мекунӣ. Медонам ки чоп намекунед, лекин ҳа ҳамин духтар ед нагирифт ягон мавзӯъи хуба нависад. Гуфти гапо ҳам дар бади хонандаву ҳам дар бади поени нофшон зад!!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Саттор 2021-01-24, 15:24
Шабнами таппакзанаки қишлоқӣ! Чун ғайбатчии рақами 1ҳастӣ, ҳатто аз маҷалаҳои хориҷӣ ҳам мавзӯъӣ ғайбатро тарҷума карда, чоп мекунӣ. Медонам ки чоп намекунед, лекин ҳа ҳамин духтар ед нагирифт ягон мавзӯъи хуба нависад. Гуфти гапо ҳам дар бади хонандаву ҳам дар бади поени нофшон зад!!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД