Sebiston new 2024 october
Изҳори муҳаббат намудани мард ба зан дар хоб чӣ таъбир дорад?
20.08.2024
ОИЛА.ТҶ
1739

Салом! Се шаб пай дар пай хоб дидам, ки ҷавонмарди зебое дар дасташ як ангуштарини қимматбаҳо ба ман изҳори муҳаббат карда истодааст. Мард тамоман ношинос буд, вале зориву тавалло мекард, ки агар ишқашро қабул намуда, ҳамсараш шавам, як умр маро рӯйи даст бардошта мегардад. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам.

ГУЛНОЗ, шаҳри Душанбе

Посух:

- Изҳори муҳаббат намудани мард ба зан дар хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳаёти шахси хобдида давраи тамоман наве сар мешавад, ки пур аз ҳаяҷон ва эҳсосоти тоза аст. Барои худро гум накардан зан бояд тамоми иродаашро ҷамъ кунад ва пеш аз гузоштани қадами қатъӣ дар зиндагӣ сад бор андеша намояд. Гап танҳо дар бораи муносибатҳои ошиқона намеравад, дар кор ва дигар самтҳои ҳаёт низ зан бояд хеле оқилона рафтор намояд ва ҳаргиз саросемавор қарор қабул накунад.

Акнун меоем сари таъбири хоби дидаи шумо. Тавре дар хобномаҳо омадааст, духтари ҷавон ва муҷаррад хоб бинад, ки ҷавонмарди зебое ба ӯ изҳори муҳаббат ва пешниҳоди хонадоршавӣ карда истодааст, ин чунин маъно дорад, ки вақти равшанӣ андохтан ба муносибатҳо фаро расидааст. Духтар ҷавони дӯстдошта дошта бошад, бояд бе дудилагӣ ба ӯ фаҳмонад, ки қадами қатъӣ гузошта, аз паси сохтани зиндагии муштарак шудан лозим аст ё бидуни баҳсу мунозира ҷудо шаванд ва минбаъд ҳар кас бо роҳи худ рафта, бахташро ёбад. Аз он ки ҷавони дӯстдоштаатон метавонад қаҳр кунад, натарсед, зеро реаксияи ҷавон дар ҳар сурат ба фоидаи шумо хоҳад гашт. Хостгор фиристад, тӯй мешавад, вале қаҳр карда равад, ба зудӣ марди дигаре дар ҳаётатон пайдо шуда, ба маънои томаш шуморо хушбахт месозад.

Зани синну солаш ба ҷое расида хоб бинад, ки марде ба ӯ пешниҳоди хонадоршавӣ карда истодааст, бо ягон шахси дурӯя шиносоӣ пайдо мекунад.

Зани шавҳардор хоб бинад, ки марди дигаре ба вай пешниҳоди хонадоршавӣ карда истодааст, байни ӯ ва ҳамсараш баҳсу мунозира сар мезанад. Зан бояд эҳтиёт бошад, то сухани ноҷоеро ба забон оварда, шарики зиндагиашро наранҷонад.

Зани ҳомиладор хоб бинад, ки марде ба ӯ пешниҳоди хонадоршавӣ карда истодааст, ба дастгирии наздиконаш ниёз пайдо мекунад.

Мувофиқи хобномаи исломӣ, агар марде ба зан дар хоб пешниҳоди хонадоршавӣ намояд, ба зудӣ дар ҳаёташ шахсе пайдо мешавад, ки барояш такягоҳи боэътимод, маслиҳатгар ва роҳнамо хоҳад гашт. Пешниҳоди хонадоршавӣ дар хоб метавонад гувоҳи ба даст овардани пулу моли зиёд ва бою бадавлат гаштани зан низ бошад. Эҳтимоли кори серпул ё сарчашмаи нави даромадро пайдо кардани шахси хобдида вуҷуд дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД