sebiston july new
ИСТИРОҲАТИ АРЗОН, АММО ХОТИРМОН!   
2046

   Истироҳати бофароғатро ҳамагӣ дӯст медоранд. Хусусан дар оила ҳам зан ва ҳам мард мехоҳад, ки дар ягон мавзеъи хушбоду ҳаво сафар намуда, истироҳати хуш дошта бошад.

Кӯдакон низ истироҳат карданро ҳамеша дӯст медоранд ва ҳамин, ки падару модар эшонро ба тамошо баранд, хурсандияшон ҳаду канор намеёбад. Беҳуда тобистонро фасли истироҳату дамгирӣ намегӯянд.

Ҳар як нафар мехоҳад, ки дар ин гармии тобистон оббозӣ намояд, роҳати хуш бардошта бошад, аммо бештари касон намедонанд, ки макони истироҳати хешро дар куҷо ва бо чӣ гуна шароит пайдо намоянд. Табиист, ки ҳамаи мо мехоҳем, ки вақти истироҳатро тавре сарф кунем, ки ҳам сарфу хароҷоташ арзон ва ҳам хотирмону олиҷаноб бошад.

Аз ҳамин сабаб мо ба шумо тавсия медиҳем, ки аввал нақшаи буҷаи молиявии хуро кушоед, то ин ки донед чӣ қадар маблағ хароҷот мешавад. Пеш аз оғози банақшагирии буҷаи истироҳатӣ, шумо бояд дар бораи истироҳгоҳ маълумот ҷамъ кунед, то ин ки ҳамаи хароҷотҳои онро ҳисоб кунеду баъдан бемалол қарор бароред.

   Ногуфта намонад, ки сафар ба хориҷи кишвар барои истироҳати беҳтарин хароҷоти калонро тақозо мекунад, ки на ҳар кас буҷаи молиявияш ба харҷи он мерасад.
Беҳтарин макони тамошо ин Тоҷикистони биҳиштосои худамон аст, ки вобаста ба шароити молӣ метавонад орзуи шумо ва оилаатонро амалӣ гардонад. Мехоҳед, ки истироҳати хушро бе сарфу хароҷоти калон хамроҳи аҳлу оила гузаронида бошед, пас метавонед аз ҷойҳои тамошобоби гӯшаву канори ватанамон, ки биҳишти руйи замин аст, фароғат бардоред.

Мо ба Шумо тавсия медиҳем, ки ба сафари дуру дароз ба хориҷи кишвар нарафта, истироҳати зеборо дар Тоҷикистони худамон, ки мавзеъҳои дилчаспу бофароғат дорад бо нархи арзон ва истироҳати хотирмон дидан намоед:
-Шоҳамбарӣ
- Варзоб
- Ромит
- Баҳористон
- Норак
- Зумрад
- Қайроқум
- Искандаркӯл
- Қаратоғ
- Ҳисор (шамал)
- Панҷакент (ҳафт-кӯл)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД