Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе барои пурқувват кардани ҳайати даста аз Эрон ниммуҳофизатгари ҳуҷумкор харид. Ризо Деҳқонӣ ба ҳайати тими шаҳри Душанбе ҳамроҳ шуд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, шартномаи ҳамкорӣ бо ниммуҳофизатгари 27-сола то охири соли 2025 ба тасвиб расонида шуд. Бозигари мазкур дастпарвари тими футболи “Сипоҳон”-и Исфаҳон буда, дар дастаҳои “Персеполис”, “Нассоҷӣ” ва “Истиқлол”-и Хузистон ҳунарнамоӣ кардааст.
Ризо беш аз 150 бозӣ дар Про-лигаи Эрон анҷом дода, дар ҳисоби худ 11 гол ва 11 партофти головар дорад. Ризо Деҳқонӣ дар ҳайати «Истиқлол» дар ду бозии омодагӣ ба мавсим иштирок намуда, дар Ҷоми ФФТ-2025 як гол ба номи худ сабт намуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан «Истиқлол» шартномаи ҳамкориро бо 5 футболбози хориҷӣ - ҳимоятгари украинӣ Алексей Ларин, нимҳимоятгари бразилӣ Мурилло Соуза, Дарко Илиескии македонӣ, Димитар Миткови булғорӣ ва Франческо Марҷиоттаи итолиёвӣ қатъ карда буд.
Инчунин, “Истиқлол”-ро бозигарони маҳаллӣ Амадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев ва Эҳсони Панҷшанбе низ тарк карданд. Эҳсон ба Суперлигаи Ӯзбекистон ба “Суғдиёна” гузашт. Амадонӣ ба Лигаи Эрон ба дастаи “Гул Гуҳар” пайваст. Шервонӣ Мабатшоев ба Чемпионати Озарбойҷон ба дастаи «Капаз» гузашт.
Дастаи “Истиқлол” дар равзанаи кунунии трансферӣ чунин бозигарон - ҳамлагари 19-сола Масрур Ғафуров, футболбози нигериягӣ Ҷозеф Окорои 24-сола, ҳамлагар Муҳаммадҷон Раҳимов, нимҳимоятгар Денис Беганович, ниммуҳофизатгари 24-сола Николас Лоуренс Анвон ва дифоъгар Рустам Камоловро ба ҳайаташ ҷалб намуд.