Дастаи «Истиқлол» бо нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Раҳимов, ки қаблан дар «Истиқлол» бозӣ мекард, созишномаи меҳнатӣ ба имзо расонидааст.
Бояд гуфт, ки Муҳаммадҷон Раҳимов дар мавсимҳои 2017-2021 ва 2022-2023 дар ҳайати «Истиқлол» ҳунарнамоӣ намуда буд. Ду мавсими охир бозингар дар тимҳои «Бухоро» ва «Равшан»-и Кӯлоб баромад мекард.
ТВ “Варзиш” ёдоварӣ мекунад, ки қаблан «Истиқлол» шартномаи ҳамкориро бо 5 футболбози хориҷӣ - ҳимоятгари украинӣ Алексей Ларин, нимҳимоятгари бразилӣ Мурилло Соуза, Дарко Илиескии македонӣ, Димитар Миткови булғорӣ ва Франческо Марҷиоттаи итолиёвӣ дигар тамдид накарда буд. Ин бозигарон аз оғози мавсим дар ҳайати “Истиқлол” бозӣ мекарданд.
Ҳамчунин, “Истиқлол”-ро бозигарони маҳаллӣ Амадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев ва Эҳсони Панҷшанбе низ тарк карда буданд. Эҳсон ба Суперлигаи Ӯзбекистон ба “Суғдиёна” гузашт. Амадонӣ ба Лигаи Эрон ба дастаи “Гул Гуҳар” пайваст. Шервонӣ Мабатшоев ба Чемпионати Озарбойҷон ба дастаи «Капаз» гузариш карда буд.
Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар равзанаи кунунии трансферӣ бо дастпарвари худ, ҳамлагари 19-сола Масрур Ғафуров шартномаи сесола ба имзо расонид. Дар ин бора ҳам дафтари матбуотии дастаи “Истиқлол” ва ҳам “Барқчӣ” расман иттилоъ доданд.
Ҳамчунин, футболбози нигериягӣ Ҷозеф Окорои 24-сола дубора ба ҳайати «Истиқлол» ҳамроҳ гардид. Мавсуф дар мавсими соли 2023 дар ҳайати «Истиқлол» ҳунарнамоӣ намуда, дар умум дар 23 рақобат ба майдон баромада буд. Ҳамроҳ бо даста чемпион ва барандаи Ҷоми кишвар гардида буд.