«Истиқлол» аввалин ғалабаро дар Лигаи дуюми чемпионҳои КФО-2025/26 ба даст овард
85

Чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ - дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе аввалин ғалаба ва се имтиёзро дар бозии хонагии худ дар даври гурӯҳии Лигаи дуюми чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар мавсими 2025/26 ба даст овард.

Дастаи «Истиқлол» тими «Гоа»-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуд. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки «Истиқлол» дар гурӯҳи «D»-и минтақаи Ғарб бозӣ мекунад, ки рақибони он дастаҳои «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Завра» (Ироқ) ва «Гоа» (Ҳиндустон) мебошанд. Бар асоси низомномаи мусобиқа, ду дастаи беҳтарини гурӯҳ ба даври плей-офф роҳ меёбанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД