Arzon march 2024
Истиқболи ботантанаи ҷоизадорони Париж - 2024 дар Фурудгоҳи Душанбе
14.08.2024
Мирсаид
640

 

Масъулини ниҳодҳои давлатӣ, федератсияву кумитаҳои варзишӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт якҷо бо дӯстдорони варзиши тоҷик субҳи имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро, ки аз Бозиҳои олимпии Париж-2024 бо дастоварди олимпӣ ба Ватан баргаштанд, пешвоз гирифтанд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе варзишгарони муваффақро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, роҳбарияти Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва дигар масъулони соҳаи варзиши мамлакат пуршукуҳ истиқбол гирифтанд.

Варзишгарон дар назди мухлисон баромад карда, изҳори минатдорӣ намуданд ва дар назди ҳозирин ваъда доданд, ки минбаъд низ барои баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тамоми қувваю маҳораташонро сарф намоянд.

Баъди истиқболи бошукӯҳ гурӯҳи варзишгаронро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтанд.

Феълан, дар назди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ маросими гулчанбаргузории варзишгарон ва тақдими тӯҳфаҳо ба онҳо сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, соати 19:30, дар «Амфитеатр»-и шаҳри Душанбе ба истиқболи ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ чорабинии тантанавӣ баргузор мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД