Истиқболи ҷавонони тоҷик - ғолибони олимпиадаи байналмилалӣ дар фурудгоҳ
29.09.2025
Oila.tj
123

Имрӯз дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ғолибони Олимпиадаи байналмилалии астрономия (OWAO-2025), ки аз 20 то 27-уми сентябр дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор шуд, тантанавор пазироӣ гардиданд.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар бо истинод ба Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар дод, дар ин олимпиадаи сатҳи баланд беш аз 20 давлати ҷаҳон ширкат дошта, Тоҷикистонро ҳайати миллӣ таҳти роҳбарии омӯзгор Мирзоев Садриддин муаррифӣ кардаанд.

Ҳусейни Ғуломзода, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби медали биринҷӣ ва Сафарзода Эркин, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо Honourable Mention Award сарфароз гардидаанд.

Дар маросими пазироӣ Нурулло Ғафуриён, муовини якуми директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъкид намудааст, ки ин пирӯзӣ на танҳо дастоварди шахсии ҷавонони мо, балки ифтихори тамоми миллат аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД