Истеҳсоли семент дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
13.11.2025
Oila.tj
136

Дар 9 моҳи соли равон истеҳсоли семент дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Бино ба иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, дар ин давра дар кишвар зиёда аз 3,7 миллион тонна семент тавлид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 500 ҳазор тонна ё қариб 16 дарсад зиёд будааст.

Афзоиши истеҳсоли семент дар ҳолест, ки содироти ин маҳсулот ба Ӯзбекистон мушкил шудааст. Мақомоти гумруки Ӯзбекистон аз соли 2024 барои воридоти ҳар тонна семент аз Тоҷикистон 300 доллар талаб мекунанд. Пештар чунин пардохт ҳамагӣ 35 доллар буд.

Аммо бо вуҷуди афзоиши истеҳсолот ва маҳдудиятҳо барои содир намудани он ба хориҷ, нархи як халта семент дар бозори масолеҳи сохтмонӣ ба 55 сомонӣ баробар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД