Зану шавҳарро ду нимаи як тан ва ду ҷони ба ҳам пайваста меноманд. Дар ҳақиқат наздиктарин шахс барои ҳар як инсон ҳамсари ӯст, вале гоҳо маҳз ана ҳамин нимаи одам душмани ҷонаш мегардад...
Солҳои охир авҷ гирифтани хушунат ва зӯроварии хонаводагӣ боиси тез-тез сар задани ҳодисаҳои нохуш гашта истодааст. Ҳафтаи равон дар Вилояти Суғд боз як фоҷиаи даҳшатангези хонаводагӣ сар зад, ки аз шунидани тафсилоташ ба тани кас мурғак медамад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 40 - солаи шаҳри Истаравшан бо гумони одамкушӣ хабар додааст. Ин зан дар қатли бераҳмонаи шавҳараш муҷрим дониста мешавад.
Ба қавли ин манбаъи мӯътамад, субҳи 12-уми октябр байни гумонбар ва ҳамсараш ҷангу ҷанҷол бархоста, дар ҷараёни моҷарои хонаводагӣ зани ба ғазаб омада бо табар ба сари шавҳараш задааст. Дар натиҷаи ин зарбаи ҷонкоҳ мард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурдааст.
Ҷисми ба хун оғӯштаи шавҳари шаҳидгаштаро ба водии хомӯшон гусел намуданд. Зани шавҳаркушро бошад ҷазои сангин интизор аст.
Сабаби сар задани ин моҷарои хунино ҳанӯз маълум нест, вале аксаран чунин ҳодисаҳои ваҳшатангез бар пойи рашку нобоварӣ ва хиёнат ба вуқуъ мепайванданд.