Sebiston new 2024 october
Қистакӯз : “Оромгоҳи махсус” барои фавтидагони коронавирус?
10015

 

Тамос ва масъалагузорӣ

Паҳн шудани овозаҳо дар бораи хатари коронавирус мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Аз ин ҷост, ки ҳамарӯза расонаҳо танҳо атрофи ин вабои аср мегӯянду менависанд. Як рӯз қабл хонандае ба сомонаи Оила занг зада, гуфт:

- Алло, ин ҷо сайти Оила?

- Бале,, гӯш мекунем.

- Ман як хонандаи доимии шумо аз вилояти Суғд, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Ҳамарӯза хабарҳои шуморо мехонам. Номам Шоҳсанам, зани хонашин ва модари 4 фарзанд ҳастам. Чун кӯдакони мактабхон дорам, хавотирам, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мабодо гирифтори коронавирус шуда намонанд.

- Хавотир нашавед! Шукри Худо беморони ин вируси навбаромад то ҳол дар кишвари мо ба қайд гирифта нашудааст. Агар мешуд, мисли дигар кишварҳо карантин эълон мекарданд. Пас, чаро шумо ин қадар метарсед?

-Ба фикрам майда-майда ба кишвари мо ин дарди лаънатӣ омадагӣ, чунки дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи мо як мазори махсусро бо қабрҳои пешакӣ канда шуда ким – кайҳо тайёр карда мондаанд.

- Чӣ хел мазори махсус?-нобоварона пурсидем аз ӯ.

- Ҳоо. Бо чашми худ надидаам, аммо ҳамаи одамони ноҳия дар бораи ҳамин масъала гуфта истодаанд.

- Шумо метавонед аз ҳамон мазори гуфтаатон ягон акс ё видео гирифта, ба мо фиристед? - пурсидем аз Шоҳсанам.

- Чунин чизҳоро сарфаҳм намеравам. Бар замми ин, 4 кӯдакро партофта, ба ҷамоати Хистеварз ҳам рафта наметавонам. Зеро кӯдаки хурдиам ҳамагӣ яксола аст. Ягон журналистатон нест-мӣ дар шаҳри Хуҷанд?

- Бале ҳаст. Мо ин масъаларо дида мебароем ва агар дақиқ кунем дар сомонаамон ҷой медиҳем, - гуфтем ба ҳамсӯҳбати худ.

- Ҳам дар сомона ва ҳам газета чоп кунед, илтимос! Ба мардум ҳақиқатро фаҳмонед.

- Хуб, - гуфтему ба мухбири минтақавиамон Фарзона Муродӣ занг зада, қазияро фаҳмонидем.

 


ҶАСОРАТ Ё БЕПАРВОӢ


 

 

Раиси ҷамоат чӣ гуфт?

Уктамҷон Ҷӯраев, раиси ҷамоати деҳоти Хистеварз (собиқ Қистакӯз) бо шунидани ин хабар гиребони тавба дошт ва гуфт, ки овозаи ҷудо кардани оромгоҳи махсус дар маҳаллаи Қистакӯз, имрӯза Хистеварз ягон асос надошта, инро гапи беҳудаи мардум номид.

Ӯ зикр намуд, ки санаи 27-уми март дар пайи паҳн шудани овозаи омадани коронавирус дар вишвари ҳамсоя-Қирғизистон мо 22 кӯчаи ҳамсарҳадро дар ҳаҷми як метр кофта, пояҳои оҳанин насб кардем ва гирду атрофтро пурра бо симтӯр маҳкам кардем. Агар чунин мебуд, ҳамчун раиси ҷамоат, пеш аз ҳама, ман огоҳ мешудам ва ба расонаҳо маълумоти дақиқ медодам. Ин хел воҳимаю овозаҳоро шахсоне паҳн карда истодаанд, ки бемории “ваҳмак” доранд. Дар омади гап, оромгоҳи оддиеро, ки солиёни сол сокинони ҷамоат мурдаҳояшонро дафн мекунанд, “оромгоҳи махсус” шуморида, чуқурии сутунҳоро қабр гуфтаанд, ки хандаовар аст.

Вақте аз раис пурсидем, ки шояд ягон оромгоҳи муштарак бо қирғизҳо дар ин маҳал то ин вақт буд? Ӯ посух дод: бо қирғизҳо дар ҷамоати мо ягон хел оромгоҳи муштарак набуд. Аз онҳо ҷудосту аз мо ҷудо. Боз мегӯям, ки ин кори мо танҳо барои пешгирӣ аз вируси нав ва таъмини амнияту саломатии сокинон асту бас. Бори дигар таъкид мекунам, ки мардум ба овозаи “оромгоҳи махсус дар ҷамоати Хистеварз” бовар накунанд!


P. S: Шаҳрвандони гиромӣ, чӣ тавре, ки  худ шоҳид шудед, кишварҳои гирду атрофи мо аллакай гирифтори бемории корнавирус шудаанд. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки қоидаҳои санитарию гигиениро ҳамаҷониба риоя намуда, ба маслиҳати духтурон амал намоед. Саломатии шумо дар дасти худи шумост!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД