Оши оштӣ
Он рӯз аҳли оилаи амаки Анвар бори аввал бо аҳли оилаи амаки Ризо сари як хон ҷамъ омада, бо чеҳраи кушодаву лабони пуртабассум суҳбат мекарданд, зеро бегоҳ ҷигарбандонашон аз Русия ба Ватан бар мегаштанд. Хурду калони ин ду оила аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунҷиданд. Ҳамсояву ҳамдеҳагон ба шодии онҳо шарик шуда, амаки Анвару амаки Ризоро бо пайвастани риштаи хешу таборӣ муборакбод мегуфтанд. Аҳли деҳа солиёни дароз шоҳиди ҷангу ҷидоли ин ду оила буданд ва Худоро шукр мегуфтанд, ки бо шарофати муҳаббати поку беолоиши Исмоил ва Раъно душмании авлодии ин ду хонавода поён ёфт. Пирони деҳ даст ба дуо бардошта, аз Худованд барои ин ҷуфти ҷавон бахти сафед талаб мекарданд...
Худкушии арӯс
Ҳафт пушти Анвар ва Ризо дар ҳамин деҳа зиндагӣ карда бошанд ҳам, солиёни дароз ин ду авлод бо ҳамдигар душман ва нотифоқ буданд. Духтари дӯстдоштаи бобокалони Ризоро бобокалони Анвар, ки марди сарватманд буда, дасти расо доштааст, зӯран ба занӣ мегирад, вале арӯс ба ҷудоӣ аз маҳбубаш тоб наоварда, дар шаби аввали издивоҷ, пеш аз он ки домод аз вай комёб шавад, бо баҳонае ба берун баромада, худро ба дарёи калоне, ки аз поёни хонаи домод ҷорӣ буд, меафканад. Мардум ин фоҷиаро ба таври худ шарҳ дода, овоза паҳн мекунанд, ки гӯё арӯс нодухтар буда, аз тарси шармандагӣ даст ба худкушӣ задааст. Наздикони домод бобокалони Ризоро дар марги арӯс гунаҳкор намуда, мурданивор мезананд. Вай бо китоби муқаддаси Қуръон савганд мехӯрад, ки ба духтар даст дароз накардааст, вале ба гапаш бовар накарда, то аз ҳуш рафтанаш ӯро латукӯб мекунанду баъд ба дашти беобе бурда мепартоянд. Ҷавон зинда монда бошад ҳам, аз ақл бегона мешавад. Пайвандонаш ба ғазаб омада бародари калонии домодро то мурдан мезананд. Ҳамин тавр амаки калони Ризоро ба муҳлати тӯлонӣ ба маҳкама мекашанд ва ӯ дар зиндон аз касалии сил вафот мекунад. Ин силсилаи фоҷиаҳо ду авлодро бо ҳамдигар душман гардонида буданд ва ҳафт пушташон сояи ҳамдигарро аз девор метарошиданд, вале...
Муҳаббат омаду...
Бо амри тақдир Исмоил ва Раъно, фарзандони ин ду хонаводаи бо ҳам душмании хунӣ дошта ба ҳамдигар дил бохтанд. Он вақт Исмоил дар синфи нуҳум мехонд, Раънои яккадухтар ва нозпарварди падар бошад, нав ба синфи ҳаштум гузашта буд. Хешу табори аз ҳарду тараф онҳоро ҷанг мекарданд, панду насиҳат мехонданд, нафрин менамуданд, вале ҷавонон ҳеҷ аз якдигар дил канда наметавонистанд. Бародаронаш ба яккадухтар буданаш нигоҳ накарда, Раъноро зери мушту лагад гирифта, таҳдид мекарданд, ки агар як бори дигар бо Исмоил ҳамгап шавад, сарашро аз танаш ҷудо мекунанд, вале духтарак дар роҳи ишқ устувор монда, боз пайти муносиб меёфту бо азизи дилаш вомехӯрд...
Ҳукми падар
Волидонаш баъди синфи ҳашт Раъноро аз мактаб гирифтанд. Духтар мисли кабки ба қафас афтида харобу лоғар гашта, қариб монда буд, ки ҷони ҷавонашро ба ҷонофарин супорад. Холаи Шарифгул ҳоли зори ҷигарбандашро дида ба таҳлука афтид ва шабе маслиҳатомез ба шавҳараш гуфт:
-Мардак, гул барин духтаракам дар пеши чашмамон хазон шуда истодааст. Аз пушти бачаи Ризо шуда, дар хона зиндонаш кардем, метарсам, ки аз дарду ғам аз ақл бегона шуда, ягон рӯз худашро ягон фалокат мекунад...
-Дамата гир! Мехоҳӣ озодияш диҳем, то ки давида рафта худашро ба бағали ҳамон ҳаромзод партояд?! Не! Ман то рӯзе, ки зиндаам, намегузорам, ки ин кор шавад. Мурд, бурда гӯр мекунем!-Аррос зад Анвар ба сари ҳамсараш ва бо ҳамин ба суҳбат нуқта гузошт.