Борон беист меборид, ба духтараки дар хараки назди бинои истиқоматӣ нишаста касе аҳмият намедод. Ӯ зор-зор мегирист, аз сардӣ, аз гуруснагӣ, аз тақдири талхаш.
Ҳушаш ҳимои кандан мекард ва аз дурӣ ба гӯшаш овози бобои пираш мерасид, ки миёни кӯҳҳои сар ба афлок кашидаи зодгоҳаш фалак мезад:
Бегона ғарибу мулки бегона ғариб,
Бемораму маҳзун, ки на дармон на табиб.
Ку падару ку модару ку хеши қариб?
Бегона чӣ донад, ки куҷо мурд ғариб?
Риштаи андешаҳои ғамангези духтаракро садои зане канд, ки аз либоси танаш маълум буд, ки кӯчарӯб аст.
- Салом духтарам, чаро гиря мекунӣ? Бо либоси тунук дар ин борони сард, касал мешавӣ, -духтаракро меҳрубонии зани миёнсол зиёдтар ба эҳсос овард ва гиряаш шиддат гирифт.
- Ман Валентина Петровна, ҳамту Валя-хола…
- Ман Дунё,- ҳиқ-хиқ карда, бинӣ кашид духтараки ғамзада.
- Дунё… доғистониӣ ё тоҷик, ё узбек?- пурсид Валя-хола.
- Тоҷикам,- посух дод духтараки гирён.
- Хез, аз қафои ман биё,- гуфт зан ва ӯро ба таҳхонае бурд, ки он ҷо барои дамгирии худ хоначаи оростае дошт. Аслан Валя-хола дар бинои дуртаре зиндагӣ мекард, вале ҷойи кораш ду бинои ин микрорайон буданд. Вазифаи ӯ аз тозаву тамиз нигоҳ доштани ҳавлиҳои ин биноҳо иборат буд. Ин зани покизарӯзгор дар як хоҷагии гулпарварии атрофи Маскав кор мекард. Баъди парешон шудани Иттиҳоди шӯравӣ хоҷагӣ барҳам хӯрд ва Валя-хола ба кӯчарӯбӣ гузашт. Духтараш ба шавҳар баромада, аз пайи зиндагии худаш рафт, ҳарчанд аз ҳоли модар хабар мегираду аз ӯ хоҳиш мекунад, ки барои зиндагӣ ба хонаи ӯ биёяд, аммо хола намеравад. Дар хонаи якҳуҷрагии хуштаъмиру барҳавои худ зиндагӣ мекунад, кораш душвор нест, ба нафақааш изофа мешавад ва зиндагияшро шоиста мегузаронад. Дар таҳхонаи ин бинои истиқоматие, ки ҳоло Дунёро ба онҷо бурд, барои чойнӯшиву дамгирияш хоначаи зебое дорад. Он ҷо асбобҳои корияшро мемонаду гоҳи фориғ аз кор китоб мехонад, чой менӯшад…
Дунё самбӯсаи карамии бомазза ва пиёлаи калони қандчойро нӯшида, назди бухорӣ пиннак мерафт, шаби дароз дар вокзал тарсида, нахобида буд. Валя-хола рӯйпӯши пашминро болои ӯ кашида гуфт:
- Ту каме истироҳат кун, ман як бори дигар ҳавлиҳоро хабар мегирам, корам, ки тамом шуд, ба хонаи ман меравем, он тарафашро мебинем.
Он шаб Дунё ба ин кампираки меҳрубон саргузашти талхашро нақл карда, ӯро хуб гирёнд.
Бибиву бобои Дунё дар ятимхона ба ҳам шинос шуда, аҳди ошноӣ мебанданд ва бо ҳам хонадор мешаванд. Зану шавҳари ҷавон мутахассиси соҳаи обу ҳавошиносӣ буданд ва ба яке аз деҳаҳои кӯҳии Тоҷикистон барои кор мераванд. Онҷо духтарашон Чаман ба дунё меояд. Чаман дар деҳа ба воя расида, духтари қадраси зебое мешавад. Бо ризоияти волидон ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил мешаваду ҳамон ҷо бо як ҳамсабақаш ошиқ шуда, хонадор мешаванд. Шавҳари Чаман ятим будаасту дар хонаи амакҳояш ба воя расида, баъди хонадор шудан бо Чаман ба ватани ҳамсараш мекӯчад ва бо хусуру хушдомани меҳрубонаш зиндагиро оғоз мекунанд. Зану шавҳар дар мактаби деҳа омӯзгор буданд, Дунё аз ин пайванди зебо ба дунё меояд, вале дар яксолагии духтар модару падар ва модаркалони дунё аз гази ангиштсанг заҳролуд шуда, вафот мекунанд. Қудрати Худованди бузургро бинед, ки Дунё ва бобояш зинда мемонанд.
Мӯйсафеди Зоир Дунёяшро худаш ба воя расонид, вақти ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуданашу ҳафт соли хонданаш ёрӣ расонид. Дунё донишгоҳро хатм карда, дипломашро ба даст гирифта буд, ки бобояш вафот кард. Бобояш ҳамеша ба Дунё мегуфт, ки “ману бибият тотор ҳастем, аз ёд набарор”, аммо духтарак худро тоҷик мегуфт. Духтарак нахост, ки дар деҳа монад, зеро он ҷо ӯ касе надошт. Хонаву дари бобоиро ба як ҳамсояи қадрдон вогузошта, ба Маскав роҳ пеш гирифт. Мехост дар ин шаҳри бузург кор карда, маблағе пайдо кунаду дар Душанбе хона харад. Дар Маскав ӯ дар як фирма ба кор оғоз кард, он фирмаи сохтаи қаллобон будаасту ӯро шаш моҳ кор фармуда, як тангааш надоданд. Дар охир боз қарздораш карда, қариб ӯро ба маҳбас мекашонданд. Духтарак як бало карда, ҳуҷҷатҳояшро гирифта, таги як курта бе ягон пайса мегурезад, пули доштааш то ҳамин канори Маскав мерасад. Валя-хола ба Дунё гуфт:
- Ман ба духтарам, ки дар як агентӣ оид ба ёфтани хидматгорҳо барои сарватмандон кор мекунад, мегӯям, ки барои ту кор ёбад. То кор ёфтанаш ту бо ман зиндагӣ мекунӣ.
Баъди се рӯз духтари Валя-хола барои Дунё кор ёфт ва ба ӯ гуфт:
- Корфармо шахси сарватманд ва бисёр ҷиддӣ аст, нашавад, ки маро пеши ӯ шарманда кунӣ!? Ман туро намешиносам, модарам таъриф кард, ман бовар кардам.
Дунё ваъда дод, ки ягон кори бад намекунад.
(Давом дорад)
Рухсора САИД