Солҳои мактабӣ ба охир расиданду ману Насим дигар имкони ҳар рӯз дидани якдигарро надоштем. Ман бо дониши худам ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шудам, ӯро волидонаш зӯран ба яке аз донишгоҳҳои Маскав дохил намуданд. Ӯ пеш аз сафараш ба Маскав ба хонаамон омад, ростӣ аз ин амалаш назди падару модар ва додарам шарм доштам.
Падарам солҳои зиёд фалаҷ буду дар бистари беморӣ мехобид, модари фаррошам бо музди ночизи ёфтааш зиндагии моро пеш мебурд, аз хонаи бетаъмиру дастархони камбағалонаамон пеши Насим шарм доштам. Ӯ бозавқ ҳамроҳи додарам шавла мехӯрду бо падарам сӯҳбат мекард, падарам аз шӯхиҳои ӯ завқ карда механдид. Пас аз чанд лаҳзаи сӯҳбат Насим чун тарошаи аз бом афтидагӣ аз волидонам дасти маро хост:
-Амакҷон, холаҷон, ман Райҳонро дӯст медорам ва аз шумо хоҳиш мекунам, ки ӯро ба шавҳар надиҳед, ҳамин ки донишгоҳро хатм карда баргаштам, бо ӯ хонадор мешавам…. Падари беморам хомӯш буд, вале модарам бо ранги парида гуфт:- Насимҷон, писарам ту аз оилаи сарватманду баобрӯ, аҳволи мо бошад, ба худат маълум, баъд волидонат ҳеҷ гоҳ розӣ намешаванд, ки ту камбағалдухтарро ба занӣ гирӣ, барои ҳамин ҳам аз ин умеди ботилат даст кашида, бо хотири ҷамъ ба хондан рав… ҳамин вақт падарам гапи модарамро бурида, канда-канда ба сухан гуфтан оғоз намуд:
- Писарам, Райҳон ҳам хонданӣ, ту ба ман маъқул шудӣ, хонда буд кунед, баъд сари ин масъала меоем…
Вақти рафтани Насим ман аз шарм берун набаромадам, вале субҳи дигар телефонӣ ба ӯ сафари бехатар хостам. Мо ҳар ду донишҷӯ шудем, ҳар шаб дар тамос бошем ҳам, дурӣ аз Насим қалбамро пора мекард. Ба хотири каме ҳам бошад фаромӯш кардани дарди ҳиҷрон ба кор даромадам, то нисфирӯз мехондам, баъди дарс бошад, дар мактаби хатмкардаи худам дарс медодам… Ним сол сипарӣ шуду Насим ба таътили зимистона омад, рӯзи омаданашро ба волидонаш нагуфт, зеро мехост дар фурӯдгоҳ ман пешвозаш гирам. Дилам аз қафаси сина баромадан мехост ва мо то дер якдигарро аз оғӯши ҳам раҳо накардем, ба қаҳвахонаи назикии фурӯдгоҳ даромада, то дер сӯҳбат кардем, баъд мошинеро киро карда, маро ба назди хонаамон расонду худаш рафт. Дар борхалтаи ба дастам дода тӯҳфаҳои зебое оварда буд, костюми зебо, пойафзол ва ширинҳо, барои волидонам низ тӯҳфа оварда буд. Ӯ ҳамагӣ як моҳ дар Ватан буд ва мо ҳар рӯз дидор медидем, фараҳи оғӯшу нашъаи бӯсаҳои аввалини ошиқонаро низ дар ҳамин як моҳ чашидам ва Насими ман боз ба Маскав баргашт. Кош, доманашро аз дастам раҳо намекардаму пеши пояш фитода зор-зор мегиристаму роҳи сафарашро мебастам, агар медонистам…. Тобистонро ба бесабрӣ интизор будам, зеро Насим метавонист зиёдтар дар Ватан бо ман бошад, аммо ӯ кори хуб ёфтааму имсол ба ватан намеоям гуфта, маро ноумед кард. Ӯ зуд-зуд занг мезаду маро тасалло медод, ки зиқ нашав, корам хеле хуб аст, мумкин ҳамин ҷо монаму баъдтар туро низ биёрам, вале риштаи зангҳои пурмуҳаббаташ канда шуданд, чун риштаи умри ҷавони биступанҷсолааш… Бо шунидани ин хабари шум бо ҳамроҳии ҳамсинфонам ба хонаи волидони Насим рафтам, ҳарчанд занони зиёде бо чеҳраи маҳзун он ҷо менишастанд, вале модараш ба марги писараш бовар надошт. Ман низ ба марги азизи дилам бовар надоштам, то вақте тобути оҳанинашро наоварданд, вале ин ҳақиқати талхи зиндагист, имрӯз бо ёди ӯ зиндагӣ дорам, хостгорони зиёдеро танҳо ба хотири ишқи Насими номуродам ноумед гардондаам, аммо ӯ нест… Дар олами хоб низ ӯро парешону оғӯштаи хоку хун мебинам, аз лабони парсинбастаам танҳо як дуо пар мекашад:
-Хонаат сӯзад, миллатгаро, охир Насими ман чӣ гуноҳ дошт, ки ӯро шабона дар кӯча аз пушташ корд зада куштед?
Санавбар