Аз марги фоҷабори ту ёздаҳ сол сипарӣ мегардад, вале бовар надорам, ки ту зери хокӣ. Ту болобаланди абрӯсиёҳ, хушбозуи паҳлавон, азизи дили шикастаи ман, шаҳи зери хокам, манзили охирататро намедонам, агар донам ҳам, рафта наметавонам, зеро айб аст. Шояд хонандаи мутолиаи ин сатрҳои парешони ман, ҳайрон шавад, маро бубахшед мардум, аммо дигар дар банди ҷигар гирифта гаштани ин доғро надорам ва кӯшиш кардаам, ки чизе нависам….
Бо Насим дар як синф мехондем, муаллимаамон, ки ба мо чун модар меҳрубон ва хеле оқилаю босавод буданд, аз рӯзи аввали ба остонаи мактаб по ниҳодан моро паҳлӯи ҳам шинонд.
-Насим дар бари Райҳон мешинад, зеро бӯйи хуши зулфакони райҳонро танҳо насим ба атроф паҳн мекунад,- бо ханда гуфт муаллима, он вақт хеле хурд будаму аз ин гуфтаҳо чизеро намефаҳмидам. Аммо ин суханони шоиронаи муаллима ҳамоно дар саҳифоти хотирам сабт шудаанд, танҳо бо гузашти солҳо фаҳмидам, ки муаллима суханбозӣ карданду халос. Ману Насим зуд ба ҳам унс гирифтем, ман аз оилаи камбағал ва ӯ аз оилаи доро буд, ҳар рӯз дар сумкааш бароям қандҳои коғазҳояшон зарҳалини бамазза меоварду маро зиёфат медод, ин меҳри Насим ҳаваси муаллима ва рашки кӯдаконаи дугонаҳоямро меовард. Чун анъана дар 23-юми феврал ман барояш тӯҳфа мекардам, тӯҳфаҳоям оддию арзонбаҳо буданд, модари Насим бошад, барои ман албатта матои қимматбаҳо ва сарсӯзанҳои зебое меовард. Дар синфамон бойдухтаре мехонд, дар як ид ӯ хост тӯҳфаашро ба Насим диҳад, вале ӯ рад карда, бо шодӣ тӯҳфаи маро гирифт. Ҳамин вақт Саодати катача гуфт:
-Намурдӣ ту барои ҳамон атри бадбӯи Райҳонаки ҷандапӯш, падарам соати саддолара харида буданд.
Ман гиря кардам ва Насим адаби Саодатро дод….
Пас аз ин моҷаро модари бечораам охирин пулҳои доштаашро ҷамъ карда, барои Насим тӯҳфаи қимматбаҳо мехарид ва ман бо сари баланд онро ба вай месупоридам. Оҳиста- оҳиста мо қад мекашидему дӯстии кӯдаконаамон ба муҳаббат табдил меёфт, пас аз хатми синфи нуҳ падараш хост Насимро аз мактаби оддӣ ба литсей барад, вале ӯ ба хотири ман нарафт. Дар мактаб ҳама моро бо шӯхӣ Лайлӣ ва Маҷнун мегуфтанд, то синфи 11 пушти як парта нишаста, бо ҳам хеле меҳрубон будем. Пас аз дарс ӯ маро албатта то хонаамон гусел мекард, вале ҳеҷ гоҳ рафтор ё кӯшиши беҷое намекард. Духтарони ҳамсинфам ба қавли худашон кавалер доштанду ҳамеша аз меҳрубониҳои онҳо қисса мекарданд, боре Саодати мағрур, ки кавалераш Шаҳбоз ном бойбачаи дигар буд, бо ҳавас дар бораи бӯсобӯсиҳояшон нақл кард. Ман гиребони ҳайрат гирифтам ва ӯ бо тамасхур гуфт:
-Насим туро дӯст намедорад, агар дӯст дорад, дар ҳамин қадар сол як бор бӯсаат намекунад? Ту камбағалӣ ва дилаш ба ҳолат месӯзад…
Ҳамон рӯз бо Насим гап назадам, ӯ то пушти дарамон аз қафоям рафта, сабаб мепурсид, ман бошам хомӯш оби дида мерехтам. Хомӯшии ман Насимро асабӣ карду пеши поям ба зону нишаста илтиҷо кард:
-Райҳонҷон, ман чӣ гуноҳ кардам?- Ба чашмони зебояш нигариста, таънаи Саодатро гуфтам, ӯ аз ҷояш ба як чолокӣ хеста, бори аввал аз лабонам бӯсид ва гуфт,- фардо ба Саодат гӯй, ки Насим пеши ман ба зону зад… Азизам, ман туро ба занӣ мегирам, ҷавони нияти нек дошта ҳеҷ гоҳ ҳамсари ояндаашро сари кӯчаю тангкӯча ба оғӯш гирифта, бадном намекунад.