Сояи марг
Чанде пеш падарамро хоб дидаму субҳи барвақт ош пӯхта, ба ҳамсояҳо тақсим намуда, роҳ пеш гирифтам ба сӯйи манзили падарӣ. Додарам чун ҳарвақта дар масҷид буд, ду писари калонӣ дар Русия, саввумӣ дар хизмати ҳарбӣ, хурдӣ ки дар синфи ҳафт мехонад, дар як гӯшаи замин алаф медаравид. Келин ҳамроҳи се кӯдаки хурдсолаш дар қитъаи замини фермери ҳамсоя пахта мечидааст, ҷиянам наздам омада, бо ман нишаст ва гуфт, ки модарам дар хонаи бибию бобоям аст. Ростӣ, аз дидани боғу роғи харобу хонаву дари ифлосу вайрона дилам хун шуд, мошин киро карда, ба деҳаи волидони Гулнора роҳ пеш гирифтам. Роҳравон меандешидам, янгаам виҷдону имонашро барои ҳамин хонаву дари бошукӯҳ сухт, аммо имрӯз онҳо ба як вайронае шабоҳат доранд. Худаш бемору дар ба дар…
Дарвозаи фарсудаи волидони Гулнораро кушодаму вориди хонаи фақиронаи онҳо гаштам. Янгаам рӯйи бистар мехобид, бо дидани ман нимхез шуда, бо шодмонӣ аз ман аҳволпурсӣ кард. Рӯйи дастархони обшӯста як пора нони қоқ ва дар як лаълича чанд қанд меистод. Падару модари пири Гулнора аз омадани ман хабардор шуда, дастархони нав андохтанӣ шуданд, вале ман пеш аз иди Қурбон рӯза гирифта будаму онҳоро аз ташвиш озод кардам. Дар як соати он ҷо будани ман янгаам беист мехӯрд, гоҳ пораи нонро мегирифту гоҳи дигар бурдаи помидор, гоҳ ҷурғот талаб мекарду гоҳи дигар нок. Шояд нигоҳи пурҳайрати маро эҳсос кард, ки гуфт:
-Апаҷон, шабу рӯз мехӯрам, аммо гумон мекунам, сад сол боз чизе нахӯрдаам. Баъзан беҳуш мешавам, духтарам мегӯяд, ки “очаҷон, ҳатто вақти беҳушият ҳам нон-нон мегӯиву халос, як бор Худо гӯй…”
Ин дам барқвор аз сарам суханони модарам гузаштанд, ки чанд рӯз пеш аз маргашон гуфта буданд:
-Худоё, аждаҳои нафсаш дилу ҷигарашро кашида хӯрад...
Хонандаи азиз, мақсад аз номанигории ман ҳаргиз мазаммати касе нест, фақат мехоҳам аз минбари баланди «Оила» ба ҷавонон гӯям, ки ҳаргиз барои моли дунё хотири касеро наёзоред ва ба ҳаққи каси дигар чашми тамаъ надӯзед, зеро насиб намекунад. Дар ин даҳри дудар аз инсон фақат некиву накӯкорӣ ёдгор мемонад…
Бо эҳтиром, Асолат
Таснифи Дилошӯб