Formula novemver 2024
ҚИССАИ ШАБ: МАРГИ БАДНАФС (ҚИСМИ 1)
02.11.2021
ДИЛОШӮБ
3923

                                      Модари моҳи ман

Оилаи мо яке аз оилаҳои сарватманди музофот ба шумор мерафт, падарам директори заводи пахтатозакунии ноҳия буду кордаш болои равған. Модари порсою меҳнатиям бошад, ғайри байни чор девори падар ва меҳмонҳои зиёди ӯ дигар ҷоеро надида буд. Модарҷонам зани зебое буд, қомати баланд, мӯйҳои марғулаи аз хами зону поён, пӯсти нафису сап-сафед ва роҳгардиҳои ба худаш зебандае дошт. Ёд надорам, ки ӯ боре ба абрӯвонаш ӯсма ё ба чашмонаш сурма кашида ё барои нигоҳ доштани таровати пӯсташ ба рӯяш малҳаме молида бошад. ҳамин тавр табиӣ зебо буд, модарҷонам. Дар оила чор нафар будем, ду писар ва ду духтар, падарам ба ҳамаи мо маълумоти олӣ дод. Ману хоҳарам муаллима, бародари калониям журналист ва додарамон муҳандис шудем. Азбаски модарам дар деҳа ва байни меҳмонҳои сарватманди падарам чун як зани бениҳоят хуб ном бароварда буд, “модара бину духтарашро гир” гуфта, ба мо хостгорони зиёде меомад. Падарам аввал бародари калониямро хонадор карду баъд ману хоҳарамро ба хонадонҳои хубу фарҳангӣ ба шавҳар дод. Зиндагии оилавиямон якмаром идома дошт, янгаам ниҳоят бонуи кордону меҳрубон буд, модарам келинашро дӯст медошту баъзан аз мо зиёдтар эркааш мекард. Балову мусибат, ҷангу пархош ва бесару сомонӣ баъди хонадор шудани бародари хурдиям ба хонаи мо сар халонд…

 Кали маккор

Байни рафиқони падарам марди тоссари хомфарбеҳе буд, ки занакмизоҷу гадотабъ ба назар мерасид. Ин мард ронанда буду ҳамеша ҳамроҳи мансабдорон гашта, ба онҳо хушомад мезад, даркор шавад, бо забонаш кафшҳои онҳоро мелесид. Ҳангоми меҳмониҳои калон ӯ дар ошхона ҳамроҳи модарам ҷумбуҷӯл мекард, нон мебурду коса меовард, табақҳои холишударо аз дастархон мегирифт. Модарамро хола мегуфт, баъдҳо аз забони модарам шунидам, ки модари ҳамин мард аз деҳаи модарам будааст. Мо байни худ ӯро Асо-девона мегуфтем, зеро падару амакҳои мо хеле мардони ҷиддию босалобат буданду ин гуна марди занакмизоҷу талбанда дар назарамон ғалатӣ метофт. Модарам низ ба мо тақлид намуда, ӯро Асо-девона мегуфтагӣ шуд, акнун чӣ мегӯед, ки падари ман бо ҳамин Асо, шушкихӯри дараш қудо шуд…Модарам нею нестон карда, гуфт, ки аз Асо чӣ гуна духтар мерӯида бошад? Ман писарамро ҳайф карданӣ нестам, аммо падарам ду пояшро ба як мӯза тиқонда гуфт:

-Зани Асо-девонаи мегуфтагии ту, мисли парӣ зебо асту монанди ту намозхону ҳунарманд. Ҳафт бародараш рӯйи зини мансаб, танҳо худаш ҳамин гуна шӯх аст…

Падари ман шахсе набуд, ки гапашро ду карда шавад, аз ин рӯ, модарам бо гардани баста савғои бисёре бардошта, ба хонаи Асо-девона ба хостгорӣ рафт. Аз додарам ҳатто напурсиданд, ки ту бо ҳамин духтар издивоҷ кардан мехоҳӣ ё не? Дар хонаи Асо моро бо шукӯҳу шаҳомати зиёде пешвоз гирифтанду бо хурсандии зиёд розигӣ доданд. Гапи падарам рост баромад, зани Асо-девона зани зебои бо дасту панҷа ва хеле меҳрубон, кампири модараш болотар аз ҳамсараш моро пазироӣ кард, ҳафт бародари ӯ мансабдор низ будаанд, аммо модарам то ҳол норизо буд… Ман дар танҳоӣ аз модарам пурсидам, ки сабаби мушаввашхотириаш дар чист? Ӯ бо лабханди талх гуфт:

-Духтарҷон, Гулнора (келиншаванда) бо чашмони бозингараш аз падараш монданӣ надорад. Ман мегӯяму ту дар гӯш дор, ӯ офат аст, офати хонасӯз!

                            

 

Ҳақиқати талх

Ман ҳамроҳи модарам рафта будаму бо Гулнора аз наздик шинос шудам, ин сухани модарамро танҳо хавотирии занона номида, бепарво гаштам, аммо… Падарам тӯйи бошукӯҳе ороста, келини хушкардаашро фаровард, Гулнора духтараки сабзинаи миёнақад ва дидадарое буд. Аз ӯҳдаи ҳама корҳои хона мебаромад, бар замми ин, чевари гулдасте низ буд, модарам ба ӯ чизе нагӯяд ҳам, дӯсташ намедошт. Дар чор соли зиндагӣ Гулнораву додарам соҳиби як писару як духтар шуданд. Дар ин миён падарам ба бемории саратони меъда печида, вафот кард. Чун масъалаи ҷудо намудани рӯзғори акаам расид, Гулнора чеҳраи асосияшро нишон дод. Шавҳари Гулнора- додари хурдиям мехост, ки хонаву дари падарӣ ба бародарам монаду худаш дар маркази ноҳия хона гирифт. “Акаҷон, хонаи харидаи ман ба ҷойи корам наздик аст, аз ин рӯ, мошини падарам низ аз шумо, ба ҳузур кор рафта биёед” гуфт ба акаам. Он вақт бародари калониям сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ буд, шавҳари Гулнора бошад, дар ширкати сохтмоние муҳандис шуда кор мекард. Ана ҳамин вақт булбулаки келини таърифиямон ба хондан даромад:

-Барои чӣ ҳам хонаву ҳам мошин аз они ӯ мешудааст, дар чор соле, ки ман хизмати хонаи сермеҳмони шумо ва падари беморатро мекардам, ӯ ва занаш дар шаҳр (тӯли чор сол бародарам дар маркази вилоят кор мекарду зану писарчааш ҳамроҳи ӯ дар хобгоҳ зиндагӣ мекарданд) кайф карда мегашт. Ман як қадам аз ин хона берун намеравам, мошини хусурамро низ ба касе доданӣ нестам, писарам калон шавад, ронда мегардад!

Мо ҳама бародари калониямонро мисли падар эҳтиром мекардем ва додарам барои ин беҳурматияш занашро зери мушту лагат кашид. Вале бародарам, ки марди донишманду соҳибмаърифат буд, худи ҳамон рӯз кӯчу бандашро бор карда, ба маркази ноҳия кӯчид, ба хонаи харидагии додарам не, ба хонаи иҷора… Аз ҳамон рӯз сар карда, қадами бародарам аз хонаи падарӣ канда шуд, модари бечораам гоҳ дар хонаву дари бо машшақати зиёд ободкардаи худаш буду гоҳи дигар дар хонаи писари калонияш.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД