Formula novemver 2024
ҚИССАИ ШАБ: ХУДОЗАДА (ҚИСМИ1)
4860

                      

Чанд ҳафта боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари ба дами марг расонидани як ҷавонзан мечархад. Ин бонуи зеборо зани ошиқаш ба ин ҳол расонидааст, ростӣ, ман чизе дар ин росто гуфтанӣ нестам, вале бо хондани ин сатрҳо пеши назарам рӯзҳои ба сари худам омада ҷилвагар шуданд. Понздаҳ сол пеш ман низ ба доми як палид афтода будаму….

                           Ҷодаҳои зиндагӣ

Падари ман профессори машҳуре буданд, зиндагии тинҷу осудае доштем. Модарам низ унвони хурди илмӣ дошта, дар як донишгоҳ ба донишҷӯён дарс мегуфтанд. Дар оилаи зиёӣ ба воя расида, хеле хушбовару заминӣ будем ману додаракам. Пас аз хатми мактаб додарам ба Донишгоҳи ба номи Ломоносови Маскав дохил шуду ман бошам, ба яке аз донишкадаҳои бонуфузи кишвар. Ману додарам донишҷӯ будем, ки падарам аз сактаи мағзи сар оламро падруд гуфту моро танҳо гузошта рафт. Модари мардонадилам ба хотири мо миёнашро маҳкам баста, аз пайи зиндагӣ шуд. Дар ин миён ману додарам донишгоҳро хатм намудем, додарам дар Маскав монд ва ба кори илмӣ машғул шуд. Ман бошам, ҳамроҳи модарам дар донишгоҳ ба кор даромадам, мо як бало карда, зиндагиро пеш мебурдем. Додарам низ бароямон пул мефиристод, дар як сол як бор бо додарам дидор медидем. Ҳама кӯшишҳои модарам барои он ки додарам зани тоҷик бигирад, бенатиҷа анҷом ёфтанду ӯ ба духтараки русе хонадор шуд. Баъдтар шаҳрвандии Русияро қабул намуд, аммо меҳраш зарае ба ин обу хок ва ба ману модарам кам нашуд, ӯ бо мо пайваста дар тамос буду ҳар моҳ маблағи муайяне мефиристод. Янгаам Лена низ хеле бонуи меҳрубон буд, оҳиста-оҳиста модарам ба тақдир тан доду ба Лена ва ду набераи раҳдураш меҳр монд. Гоҳе онҳо меомаданду гоҳи дигар мо назди онҳо мерафтем…

                              Дар ҷустуҷӯи домод

Ман хостгорони зиёде доштам, умрам ба домани бисту шаш расиду баъд модарам хостгории додари як шогирдашро пазируфт. Модари ман тотор буд, падарам ӯро ҳангоми хизати ҳарбӣ дида, ошиқ мешаваду баъди ба итмом расидани хизмати ҳарбӣ ба ватан меорад. Хешу табори модарам аз ин амали духтарашон ранҷида, дигар ӯро суроғ намекунанд, падарам ятими хонаи бачаҳо буду хешу табор надошт. Модарам зиёд мехост тавассути келину домодаш соҳиби хешу табор шавад, шавҳаршавандаи ман Равшан ҷавонмарди болобаланди ситорагарме буд. Дар бонк кор мекард ва байни шаш хоҳар писари ягона буд, хоҳаронаш шавҳар карда, соҳиби хонаву дари хеш буданд. Равшан бо модари пираш танҳо зиндагӣ мекард, баъди пухтани маслиҳатҳо тӯйи мо баргузор гашт. Зиндагиямон ширин оғоз ёфт, ману модарам хурсанд будем аз омади бахт. Хушдоманам бо модарам мисли апаву хоҳар меҳрубон буданд, ҳамеша маслиҳат мекарданд, ки набераҳояшонро чӣ ном мемонанд ва бо ҳам эҳтироми зиёд доштанд. Аммо Худованд ба ман фарзанд надод, солҳо дар як мижжа задан гузаштанду хушдомани меҳрубонам як рӯз бо оби чашму сӯзи дил маро наздаш шинонида, аз ҷудоӣ лаб кушод. Ману Равшан якдигарро ошиқона дӯст дорем ҳам, пеши ҳукми модар лол мондем ва мисли дӯстони хуб аз ҳам ҷудо шудем…

                              Гардиши қисмат

Модарам бисёр ғусса мехӯрд барои бахти шикастаи ман, худам ҳам як соли дароз дар худ фурӯ рафтаву парешон будам. Бародарам ҳамроҳи аҳли оилааш ба Амрико кӯч бастанду ғами модарам бештар шуд. Мо ду зани танҳо ҳамеша мегуфтему мегиристем, ханда аз лабони мо кӯч баста буд. Корамон хуб буд, маошамон низ, ман ҳимоя карда, номзади илм шудам. Модарам ба нафақа баромада бошанд ҳам, ба хотири баровардани ғубори дилашон ба донишгоҳ мерафтанд. Бародарам барои модарам виза фиристоданду он кас ба муҳлати як моҳ ба Амрико рафтанд. Ана ҳамин вақт, ман аз ягона ҳамдаму ҳамрозам ҷудо шудаму ба марде дил додам. Кор ин хел ранг гирифт, духтари ин ҷавонмард дар донишгоҳи мо мехондаасту ӯ барои ҳал кардани ким кадом коре ба назди декан омада буд. Декан набуд, он мард худро серкор нишон дода, телефонашгро ба ман дода гуфт, агар декан омад, ба ман занг занед, ман дар ҳамин наздикиҳо, зуд меоям…

Ҳамин тавр, сар шуд шиносоии мо бо Анис… Акнун ӯ шабу рӯз ба ман занг зада, аз ҷони ширинам безор мекард, дастагул бардошта, ба пешвозам меомад. Мошини кӯҳнаякашро пеши роҳам дошта, маро ба нишастан даъват мекард ва ҳамин тавр, ман бо ӯ унс гирифтам. Ҳозир лаънат мехонам ба он рӯз, ки ман ошиқи ин марди чеҳрахунук шудам. Он вақт дар назари ман на чашмони танги бозингараш метофтанду на бинии борики дарозаш. Дили ман ба дунё гарм шуд, дигар ғайри ӯ касеро намедидам. Модарам аз Амрико баргашта, дар ман тағйироту хушҳолиро дида, хурсанд шуд, вале…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД