Қилиқҳои ошиқи «содиқ»
Анис то рӯзе хоки пойи ман буд, ки фаҳмид ман сахт вобастааш шудам. Баъд ниқобаш афтид… Ман ба ӯ тамоми зиндагиямонро нақл кардам, ӯ низ, медонистам, ки зану ду фарзанд дорад, як писару як духтар. Дар як идора муҳосиб шуда кор мекунаду зиндагияшро ба зур мебарад, аз гуфтаҳояш пай мебурдам, ки ӯ барои он ба ман «ошиқ» шуда буд, то ба духтараш пушту паноҳ бошам дар донишгоҳ. Баъдтар танҳову соҳиби хонаву дари бошукӯҳ будани маро фаҳмида, чун шулук ба ман часпид. Дар бораи модарам шунидан намехост ва талаби марги ӯро мекард то ба хонаи мо роҳ ёбад, муносибатҳои мо орӣ аз меҳру муҳаббат ва дардовар буданд. Мани танҳо ҳамбаре мехостаму ӯ бошад, як умр дар як якхонагӣ зиндагӣ кардаву азоб кашида, соҳиби хонаи бошкӯҳ дар маркази шаҳр шудан мехост. Ӯ ҳатто мегуфт, ки агар модарат мурад, ман туро никоҳ карда мегираму хонаатро фурӯхта, барои ту як хонаи хурдакак мехараму он тарафаш кори ман…Чашмони маро ишқи ин фисин, ки мудом дасташ дар бинияш буд, он қадар кӯр карда буд, ҳатто намегуфтамаш, ки модари маро ин хел нагӯ, оҳиста- оҳиста ӯ ба сари ман даст мебардошт, барои он ки духтараш назди донишгоҳ омаданашро набинад, ӯро бо ёрии ман ба дигар донишгоҳ гузаронд. Борҳо қаҳр карда мерафту боз гашта меомад ва ман қабулаш мекардам, дар се соли муносибатҳоямон ман ба як зани асабии гирёнчак табдил ёфтам. Модари бечораам аҳволи маро дида, дилаш хун мешуд. Як бори дигар ӯ қаҳр карда рафту ман дигар ба зӯриву зориҳояш нигоҳ накарда, қабулаш накардам, зеро медонистам оқибати ин ишқ девонагист!
Азобҳои зор
Чӣ қадар ашк рехтам, чӣ қадар гиря кардам, худам медонаму Худо. Модарам гумон мекард, ки ман ба бемории рӯҳӣ гирифтор шудам ва ӯ аз ғами ман ба сактаи мағзи сар гирифтор шуду тарафи росташ умуман кор намекард. Ман дидам, ки намешавад, ғаму ғуссаамро як тараф гузошта, аз пайи табобати модарам шудам. Боре дар паҳлӯи модарам дароз кашида, ба фикр фурӯ рафта будам, ки модарам гуфт:
-Сафиҷон, намедонам кадом номард буд, ки туро ба ин ҳол овард, Худованд зери замин шавад.
Ростӣ, ҳоло ҳам дар дилам меҳри он бераҳмро мепарваридам ва дилам аз ин дуои модарам шуввӣ кард ва гуфтам “очаҷон, чизе буд, гузашт”. Пинҳон аз модарам мегиристам, шабу рӯз намоз хонда, аз Худованд хоҳиш мекардам, ки ишқи он ҷоҳилро аз ман бигирад. Ва Худо маро шунид… Бо гузашти рӯзҳо дар вуҷудам хурсандиеро эҳсос мекардам аз набудани ӯ дар ҳаётам, оромиш меёфтам, модарам ду соли дигар зиндагӣ карда, оламро падруд гуфтанд. Ман ҳам Анисро фаромӯш карда будам чун як хоби кобус, аммо…