Келинчаки телефонбоз
Ман тамоми умеду орзуе, ки ба писарам доштам, амалӣ кардам, барои келинам ҷиҳози хубе бурдам. Келинам духтараки мавзунқомати сапедандоми хушрӯяке буд, бо омаданаш гумон кардам, ки соҳиби як фарзанди дигар шудам. Дилам намешуд, ки гапи зиёдатияш бигӯям, писарам ҳам дӯсташ медошту зиндагияшон чун асал ширин оғоз ёфт. Бо хоҳиши писарам келин сатр басту намозхон шуд, ман акнун бо хотири осуда ба кору хонаи хешу табор мерафтаму медонистам, ки хонабон дорам. Ҳар субҳ келинам ману шавҳарашро бо чеҳраи кушод ба кор мегуселониду шом бо чеҳраи хандидаву дастархони ороста пешвозамон мегирифт. Хонаву дар доим тозаву тамиз, либосҳои ману шавҳараш шӯстаю дарзмол карда, хулоса шукрона мекардам. ки келину домоди хубе насибам гаштааст. Аммо келинам як хислате дошт, ки ба ман он қадар маъқул набуд, ҳушу ёди ӯ доим банди телефон буд. Писарам барояш телефони қимматбаҳое харида буд, ки зуд-зуд аз ҷойи кораш дар тамос мешуд. Боре ба келинам гуфтам, ки “арӯсҷон, ба телефон сахт дил надеҳ, ба саломатият зарар дорад”. Ӯ шармида гуфт, ки “очаҷон, ман сураву оятҳои Қуръонро гӯш мекунаму онлайн дарси арабӣ меомӯзам, то хондани Қуръонро ёд гирам”. Ростӣ, дигар чизе нагуфтам, аммо ҳамеша чашмони ҳаросони ба телефон моилаш диламро сиёҳ мекард…
Мағзи донак
Дар қади келинам кӯдак пайдо шуду он қадар хурсанд шудам, ки дигар дар назарам на телефонбозияш метофту на чизи дигар. Духтарам писараки нозанине дошт, вале мехостам дар хонаи худам садои гиряи кӯдак баланд шавад. Бо сад ҳавас интизори набера будам, хушҳолии писарам низ ҳадду андоза надошт. Ҳамин тавр бо гузашти моҳҳои ҳомиладорӣ набераҳакам, Ёсинҷон ба дунё омад. Гумон мекардам, ки хушбахттарин зани оламам, модари келин ҳамин қадар хоҳиш кард, ки чиллаи духтарамро худам дар хона мебарорам, розӣ нашудам. Рухсатии меҳнатӣ гирифта, нигаҳбони набераҳакам шудам, ӯ ба шавҳари раҳматиям сахт монанд буд. Чун ин гапро ба апаҳоям мегуфтам, онҳо даст меафшонданд, ки кӯдак асту ҳоло чанд ранг мегирад. Аммо гумони ман ғолиб буд ва Ёсинҷони мо нусхаи асли бобояш буд. Хусуру хушдоманам аз дунё гузашта буданд, вале аммаву амакҳои писарам барои дидани набераи акаашон омаданд. Ҳамин тавр, Ёсини мо пайи қадам карду риштаи кандаи хешутабориямон бо пайвандони шавҳари раҳматиям аз нав барқарор шуд. Зиндагӣ дар маҷрои худ равон буд, шукр мегуфтам, ки Худованд подоши сабру азобҳоямро дар симои Ёсинакам фиристодааст. Ӯро ба канор мегирифтаму гумон мекардам дунёеро ба оғӯш мегирам…
Оқибати телефонбозӣ
Келинам фарзанддор шуда бошад ҳам, аз телефонбозияш намемонд, ман низ дигар ба ин ҳама одат карда будаму чизе намегуфтамаш, аммо…
Як нисфишабӣ аз хонаи хоби писару келинам садои доду фарёду гиря баланд шуд. Ман давида рафта, аввал гаҳвораи кӯдакро берун баровардам, зеро Ёсинҷон аллакай шашмоҳа шуда буду аз овози баланд метарсид. Баъд назди зану шавҳар даромадам, ки бори аввал бо овози баланд ҷанг карданашонро мешунидам. Аз моҷарояшон фаҳмидам, ки келинам тариқи интернет бо як афғоне, ки дар Канадо зиндагӣ мекардааст, гап мезадааст. Писарам ба он мард занг задаву ҳамаашро аниқ намудааст, он мард аз он тараф наворҳои бо ИМО бо келинам сӯҳбат кардаашонро фиристодааст. Як шармандагӣ… Келинам худашро бе шавҳар, духтараки хона гуфтааст…
Инак, ду моҳ мешавад, ки келинам дар хонаи падару модараш аст, писарам бошад, мехоҳад ба Русия равад. Ману хусуру хушдоманаш зорияш мекунем, ки ба хотири фарзандаш занашро бахшад, вале ӯ мурданро ба калла дораду бахшидани келинро не. Ҳар қадар ба ӯ мегӯям, ки он афғон дар он тарафи дунё буду зани ту дар ин тарафи дунё, хайр гап задааст, вале…
Оқибати телефонбозии келинам ба хонадони ободу озодаи ман мусибат овард, намедонам чӣ гуна писарамро аз роҳ гардонам…
Амрия