“Аҳад, ту дар зиндагӣ сахт хато кардӣ, ҳаргиз хушбахтиро намебинӣ!” ин сухани модарам буд, ки ҳангоми ба хостгории ҳамсарам рафтан ба ман гуфту дастархонашро аз рӯйи кати ҳавлӣ зери бағал гирифта, бо ғазаб аз дарвоза берун шуд. Он замон ҳикмати ин суханро ман дарк накардам, чунки шефтаву шайдои ҳамсарам будам. Ҳар нафаре мехост маро насиҳат кунад, “шумо одамони асри сангед” гуфта, дилашонро меранҷонидам.
Ман Асрияро то ҳадде дӯст доштам, ки дар зери чодар сарамро ба оғӯшаш гузошта, ба ӯ гуфтам:
-Модарам ҳам туӣ, падарам ҳам туӣ, хоҳару бародарам ҳам туӣ!
Шояд ин гапам ба гӯши Худованд хуш наомад, ки оқибат танҳо Асрия монду дигарон рафтанд. Оилаи ҳамсари маро мардуми деҳа хуб мешинохтанд. Онҳо чаҳор духтар буданду писар надоштанд, падарашон ҳам бемору вазъи оилавияшон хуб набуд. Се апаи калонаш аз шавҳарҳояшон ҷудо шуда, яке бо як кӯдак, дигарӣ бо дуто ва сеюмиро бошад, пас аз як ҳафтаи тӯяш оварда монданд. Духтарҳо бо ҳам чунон моҷаро мекарданд, ки садои дашномҳои қабеҳашон то хонаи ҳамсояҳо меомаду рӯю мӯйи ҳамдигарро канда мегирифтанд. Падарашон аз ин рафторҳои онҳо дилгир шуда, ҳар субҳ бо баҳонаи об додани дарахтони боғча аз хона берун мешуду як бурда нонро дар бағал гирифта, то бегоҳ дар зери дарахте мехобиду шаб баргашта, ба ҳуҷраи хобаш медаромад. Модараш бошад, дар мактаби деҳа фаррошӣ мекарду бо маблағи ночизе рӯзғори хонаро пеш мебурд.
Рӯзе набуд, ки дари хонаашонро зани бегонае накӯбаду “духтари шумо ба шавҳари ман чашм ало кардаасту хонаи маро вайрон мекунад” гуфта, ҷанҷол набардорад. Аммо ин чаҳор духтар яке аз дигаре зеботар буд. Маро низ ҳусну ҷамоли Асрия мафтун карда буду барои ӯро ба даст оварданам то ҷашни арӯсӣ ҷангидам. Азбаски падару модарам омӯзгор буданду бародаронам маълумоти олӣ доштанд, гумон мекардам, ки Асрия ҳам тарбияи оилаи моро мегираду мо оилаи хушбахт барпо месозем. Лекин Асрия аз рӯзи аввал ба ягона хоҳари ман, ки духтари зебое буду модарзод як дасташ хушк ба дунё омада буд, бо чашми бад нигоҳ карда, киноя зада мегуфт:
-Агар ман духтардор шавам, зуд ӯро ба шавҳар медиҳам, то ки ба мисли аммааш пирдухтар нашавад.
Хоҳари ман тамоми ҳунарро дошту таҳсилкарда ва чун модарам омӯзгор буд. Танҳо либосҳояшро бо як даст шуста наметавонист ва аз янгаҳоям хоҳиш мекард, ки либоҳояшро шӯянд. Агар рӯзе аз ҳамсари ман шустани либосашро хоҳиш мекард, занам то субҳ маро хоб рафтан намемонд, ки хоҳари ноқисат корҳояшро ба сари ман бор мекунад. Ҳамин хел, Асрия ҳар рӯз омада “хоҳари ту маро бад нигоҳ кард, баланд гап зад, дастамро сахт дошт” гуфта, майнаи маро бо кина пур карду як рӯз пас аз кор омадани хоҳарам ӯро чунон лату кӯб кардам, ки нафасаш ба дарун афтод. “Ту худат бебахтию ба ҳамсари ман ҳасад мебарӣ” гуфта, хеле дашномаш кардам. Пас аз ин воқеа бародари калониям омаду хоҳарамро бо ҷомадони либосҳояш ба хонаи худаш бурд. Модарам бо ман гап намезаду ҳатто ба рӯям нигоҳ намекард.
Фарзанди аввалини мо духтар таваллуд шуд, лекин пойҳояш маъюб буду роҳ гашта наметавонист. Ду писарчаи дигарамон бошад, яке бемории қанд дораду дигарӣ мушкилоти зеҳнӣ. Падарам ин аҳволи маро дида, замини ҳавлиямонро ба ду қисм тақсим карда, дар як қисмаш худаш бо бародарам зиндагӣ карду дар қисми дигараш ба бародаронам фармон дод, ки барои ману ҳамсарам хона сохта диҳанд. Бародаронам ба ман хонаи дуошёна сохта, калидашро ба дастам доданд. Мо ба хонаи худамон гузаштем. Лекин модарам хуб медонист, ки ҳамсари ман худро орову торо дода, се кӯдаки беморро дар хона гуруснаву ташна ба ҳоли худашон мемонаду ба хонаи модараш меравад. Модари пирам ба набераҳояш хӯрок меоварду ҳиссаи маро дар дохили яхдон гузошта мерафт. Баъди чанде Асрия дигар шабҳо ҳам ба хона намеомадагӣ шуд.
Ман, ки аз кор хаста бармегаштам, бо дидани аҳволи кӯдаконам ғамгин шуда, хоб мекардам. Як субҳ бо пайдо шудани падарам дар назди дари хонаам дарк кардам, ки овозаҳои дар деҳа паҳншуда ба гӯши ӯ ҳам расидааст. Падарамро ба хона таклиф кардам. Ӯ ба хона даромаду дар паҳлӯи ман нишаста гуфт:
-Аҳад, гапро дароз намекунам, танҳо аз ту хоҳиш мекунам, писарам, талоқи ҳамин занро ҳамин дақиқа бидеҳ, ба ту духтари хонаро арӯс карда медиҳам! Тамоми мардуми деҳа дар бораи зани ту гап мезананд. Ман дигар дар масҷид сарамро боло карда наметавонам.
Ба падарам гуфтам, ки фарзандонамро сағера кардан намехоҳам, қиблагоҳам дар ғазаб шуда, маро даюс гуфту аз баҳри ман барин писар дар дунёву охират гузашта, баромада рафт. Пас аз ин воқеа дигар умеди зистан маро тарк намуд. Ҳамсарам тавассути телефон бо касе гап мезад, ҳамаашро мефаҳмидам, лекин чизе гуфта наметавонистам. Ӯро лату кӯб ҳам кардам, партофта рафтам, дар охир тавалло намуда, ба пеши пояш ҳам афтодам, вале ислоҳ нашуд. Ҳар дафъа ваъда медиҳад, ки “дигар такрор намекунам, лекин набудани маро, ки эҳсос намояд, боз корашро идома медиҳад. Ҳар замоне, ки болопӯшамро гирифта, аз хона берун шудан мехоҳам, кӯдакони беморам пойҳоямро ба оғӯш гирифта мегирянд, ки онҳоро напартоям. Духтарчаам худашро ба замин кашолакунон ба наздам меояд. Дилам ба фарзандони маъюбам месӯзаду аз он ки замоне ба сари хоҳарам даст бардошта, суханони ноҷо гуфтам, сахт пушаймон ҳастам. Пушаймонам, ки ба гапи модарам гӯш накардаму падарам аз баҳрам гузашт. Ман ҳар шаби худро бо пушаймониву афсӯсхӯриҳо саҳар мекунам, вале...
Мақсад аз навиштани номаам ҳамин аст, ки ҷавононро ҳушдор намоям то дар зиндагӣ мисли ман дар интихоби ҳамсар хато накунанд ва эҳтироми модарро дар ҷои аввал гузоранд!
Хандазеби.......